Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲХДТ дар порлумон акнун 46 курсӣ дорад


mm

Дар интихоботҳои миёндавраии дирӯз, 20-уми май, дар ду ҳавзаи интихоботии ҷумҳурӣ доиргашта ҳарду номзади Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон пирӯз гардиданд.


Тавре ки дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсиҳои Тоҷикистон хабар доданд, ҳамагӣ чаҳор номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон иштирок намуданд ва баъди пурра шуморидани раъйҳои интихобкунандагон дар ин ду ҳавза маълум гардид, ки дар ҳавзви якмандатии шумораи 28-и Абдурраҳмони Ҷомӣ ба тарафдории номзади ҲХДТ собиқ сафири Тоҷикистон дар Русия Сафар Сафаров 92,5 дарсади интихобкунандагони дар интихобот ширкаткарда раъй доданд. Бар тиқи иттилоъи КМИР, номзади дигари ин ҳизб Маҳмадамин Ҳисориев, муовини прокурори вилояти Хатлон, дар ҳавзаи интихоботии шумораи 29-и Ёвон раъйи мувофиқи 91,2 дарсади интихобкунандагонро касб кардааст.


Барои баргузор кардани интихоботҳои миёндавраӣ дар ин ду ҳавзаи интихоботӣ аз будҷаи ҷумҳурӣ ҳудуди 28 ҳазор сомонӣ масраф гардид.


Ёдовар мешавем, Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон, ки аз ҷумла намояндагони се ҳизби сиёсӣ ба он шомиланд, феълан аз 63 курсии мавҷудаи вакилон 46-тоашро ишғол мекунад.
XS
SM
MD
LG