Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргириҳо дар шимоли Лубнон


Сурия марзҳояш бо Лубнонро баст ва Русия аз бурузи даргириҳо дар Лубнон, ки бар асари онҳо камаш 24 нафар кушта шудаанд, изҳори нигаронӣ кард. Мақомоти амниятии Лубнон мегӯянд, дар ҷанги нирӯҳои Лубнон бо ситезаҷӯёни марбут ба шабакаи Ал-Қойида дар шимоли Лубнон 13 сарбози артиши Лубнон ба ҳалокат расидаанд.


Даргириҳо дар наздикии урудгоҳи паноҳандагони фаластинӣ ба вуқӯъ пайваст ва ба гузоришоти тасдиқношуда, 12 сокини ин урдугоҳ низ захмӣ шудаанд. Ҷангҳое замоне сар шуд, ки нирӯҳои амниятӣ дар Триполӣ бо иттиҳоми ғорати як бонк ба ҳабси ситезаҷӯён иқдом карданд.


Бархе аз намояндагони давлати Лубнон гурӯҳи мазкурро, ки Фатҳ-ул-ислом ном дорад ба шабакаи Ал-Қоида мансуб медонанд, вале бархи дигар онро ба хадамоти кашфи ҳарбии Сурия рабт медиҳанд. Раҳбари Фатҳулислом равобит бо Ал-Қоида ва Сурия ҳамкорияшро бо ин гурӯҳ рад мекунанд.
XS
SM
MD
LG