Якшанбеи 20-уми май бо ташаббуси ниҳодҳои варзиш дар сартосари Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи дави миллӣ шинохта шуда, бори 12-ум аст, даҳҳо ҳазор нафарро ба хиёбонҳо мекашонад.
Бо дастури мақомоти давлат ҳамаи идора ва муассисаҳо вазифадоранд, дар ин рӯз кормандони худро ба ин чорабинӣ сафарбар кунанд. Тибқи маъмул, ширкати президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар дави умумимиллӣ мансабдорони давлатро низ водор мекунад, бо либоси варзиш ба кӯча бароянд.
Ширкаткунандагони дави миллӣ дар шаҳри Душанбе масофаҳои 3, 5 ва 10 километрро бо давидан пушти сар мекунанд. Ба ғолибону ширкаткунандагони фаъоли дав ҳадияҳои ёдгор тақдим мешаванд. Усулан, мақсад аз ин расм ба тарбияи бадан ҷалб кардани аҳолӣ мебошад. Интизор меравад, ки дар сартосари кишвар зиёда аз 100 ҳазор нафар дар дави умумӣ ширкат хоҳад кард.