Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Руминҳо сарнавишти президенти худро муайян мекунанд


Дар назархоҳии умумии Руминия имрӯз сарнавишти президенти ин кишвар Траян Басеску равшан хоҳад шуд. Шаҳрвандон раъй хоҳанд дод, ки вай дар вазифааш хоҳад монд ва ё ба истеъфо меравад.


Порлумони Руминия бистуми апрели соли ҷорӣ Бесекуро дар нақзи қонуни асосӣ айбдор кард ва ӯро аз иҷрои вазифа боздошт.
Ҳарчанд Додгоҳи қонуни асосии Руминия ин иттиҳомро беасос номид, порлумон масъаларо ба референдум ҳавола кард.


Худи Басеску мегӯяд, мухолифонаш барои он даст ба чунин амал заданд, ки вай барномаи шадиди зидди коррупсияро ба миён гузошт.
XS
SM
MD
LG