Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хоҷа Насриддин" дар Маскав балет мерақсад


Барои нахустин бор балети танзии «Хоҷа Насриддин» аз рӯи мусиқии оҳангсози шинохтаи тоҷик Павел Турсунов, аз 30 то 1 июн дар саҳнаи театри опера ва балети шаҳри Маскав, намоиш дода хоҳад шуд.


Муҳаммади Эгамзод, намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Маскав гуфт, Павел Турсунов тавонистааст, чанде аз қиссаву саргузаштҳои қаҳрамони адабиёти Шарқ Хоҷа Насриддинро аз тариқи жанри мураккаби балет басо возеҳу шево ба тамошобин пешкаш кунад.
XS
SM
MD
LG