Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров, ки дар мулоқотҳо ширкат дошт, гуфт, онҳо ба мувофиқа расиданд, ки лаҳни изҳороти лафзӣ бояд нарм ва ҳар ду ҷониб ба мавзӯъҳои мушаххас тавваҷӯҳ кунанд.
Сергей Лавров афзуд, ҳамчунин тавофуқ ҳосил шудааст, ки барои пайдо намудани ҳалли мақоми ниҳоии минтақаи Косовои Сербистон ки ҳарду ҷонибро қаноатманд кунад, кушиш ба харҷ супоранд. Ва аммо дертар зимни нишасти матбуотии муштарак, ҳарду дипломати олирутба гуфтаанд, ки ҳеҷ пешравие дар мавзӯъи Косово ба даст наомадааст.
Русия аз он нигарон аст, ки истиқлол бахшидан ба Косово бархе аз ҷумҳуриҳои ноороми ин кишварро барои истиқлолхоҳӣ ташвиқ мекунад. Русия инчунин мухолифи нақшаи ИМА барои истиқрори сипари зидди мушакӣ дар Аврупо мебошад.
Кондолиза Райс ба хабарнигорон гуфт, ҳеҷ кишваре монеъи иҷрои ин барномаи низомии Амрико нахоҳад шуд ва афзуд, ИМА барои дифоъи худ бояд аз фанновариҳои муосираш истифода кунад.
Дар посух Лавров мавқеъи Русияро такрор карда гуфт, бовар дорад, системаи зидди мушакӣ дар Аврупо ин на дифоъ балки як таҳдиди нав мебошад.
Райс дар Маскав ду рӯзро сипарӣ кард. Вай кушиш дошт, танишҳои дар муносибатҳои Русия ва ИМА дар пешорӯи вохӯрии Владимир Путин ва Ҷорҷ Буш дар чаҳорчӯби ҳамоиши 8 кишвари пешрафтаи ҷаҳон дар Олмон моҳи оянда нармтар кунад.
Райс ақидаеро, ки гӯё байни ду кишвар ҷанги сарди нав сар задааст, рад кард, аммо таъкид намуд, ки изҳоротҳои эҳсосотии соҳибмансабони Русия ба манфиати кор набудаанд.
Моҳи ҷорӣ мақомоти Русия, аз ҷумла Владимир Путин кишварҳои ғарбӣ ва ба хусус ИМА-ро мавриди интиқоди шадид қарор додаанд. Ҳафтаи гузашта Путин ба ақидаи шореҳон сиёсати Амрикоро ба Рейхи Севвум ташбеҳ дод. Ва аммо мақомоти Кремл баъдан гуфтанд, ки Путин ҳаргиз чунин қасд надошт.
Дар арафаи ҳамоиши Русия ва Иттиҳодияи Аврупо дар шаҳри Самараи Русия муносиботи Иттиҳодия ва Русия низ чандон хуб ба назар намерасанд. Вазири корҳои хориҷии Олмон Франк Валтер Штейнмейр дар талоше барои аз байн бурдани нофаҳмиҳо дар арафаи ҳамоиш низ бо Путин музокира анҷом дод.
Кӯшишҳо барои паймони нави ҳамкории стротежи байни Русияву Иттиҳодияи Аврупо ҳанӯз бенатиҷа мондаанд, зеро Лаҳистон мухолифи ин аҳднома аст. Сабаби мухолифат низ он аст, ки Русия воридоти гушт аз он кишварро манъ кардааст.
Баьд аз анҷоми мулоқот бо Путин, Валнет Штейнмейер гуфт, ҳамоиши Самара зоҳиран мушкил хоҳад буд.
Ва аммо аломатҳо аз Маскав нишон медиҳанд, ки давлати Русия дар мавқеъи мусолиҳа нест. Намояндаи Путин дар Иттиҳодияи Аврупо Сергей Ястржемский гуфт, баррасии мавзӯъи ветои Лаҳистон дар ҳамоиши Самара ҳатто мантиқ надорад.