Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон 2 - 2 Филиппин (футзал)


Дар ин бозӣ ду голи Тоҷикистонро Шерзод Ҷумъаев (дақиқаи 12-ум) ва Алишер Ӯлмасов (дақиқаи 14-ум) ва ду голи Филиппинро Зеррудо (дақиқаҳои 25-ум ва 33-юм) ба самар расонданд.

Дар бозии дигари гурӯҳи «А» тими мизбон - Ҷопон бар дастаи Ҳонконг бо натиҷаи 8 бар 0 ғолиб омад.

Бад-ин тартиб, дар ҷадвали бозиҳои гурӯҳи «А» Ҷопон бо 6 имтиёз дар мақоми аввал ва Тоҷикистон бо 4 имтиёз дар зинаи дуввум қарор гирифтаанд. Новобаста аз натиҷаи бозии охирини худ тими Ҷопон ба марҳилаи баъдӣ роҳ ёфт. Барои роҳхати дуввум ба бозиҳои чаҳорякниҳоӣ дастаҳои Тоҷикистон ва Филиппин талош доранд.

Дар даври севвуми мусобиқот имрӯз Ҷопон бо Тоҷикистон ва Ҳонконг бо Филиппин рақобат мекунанд.

Дар даври дуввуми мусобиқот дар гурӯҳи «В» Узбакистон бар Кувайт бо натиҷаи 4 бар 0 ва Тайланд бар Ироқ бо натиҷаи 7 бар 4, дар гурӯҳи «С» Қирғизистон бар Туркманистон бо натиҷаи 7 бар 1, Австралиё бар Куриёи Ҷанубӣ бо натиҷаи 3 бар 1 ва дар гурӯҳи «D» Ирон бар Малайзиё бо натиҷаи 15 бар 1 ва Лубнон бар Чин бо натиҷаи 4 бар 2 ғалаба карданд.

Тимҳои Тайланд, Қирғизистон ва Ирон новобаста аз натоиҷи бозиҳои охирини гурӯҳӣ ба марҳилаи дуввум роҳ ёфтанд.


Хабари дигар. Нахустин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар риштаи тенниси рӯи миз байни ҷавонон барои дарёфти ҷавоизи ёдбуди устодони варзида Георгий Сиклаури ва Вячеслав Фёдоров ба анҷом расид.

Сабқати теннисбозони ҷавони тоҷик дар толори бозиҳои дастии шаҳри Душанбе тӯли ду рӯз идома кард.

Екатерина Ишенко аз ноҳияи Ҳисор дар рақобатҳои инфиродӣ байни духтарон ғолиб омад. Вай дар бозии ниҳоӣ бар Сумая Амирӣ аз шаҳри Кӯлоб бо натиҷаи 4 бар 0 пирӯзӣ ба даст овард. Бо чунин натиҷа Хайём Исмоилзода, аз ноҳияи Ҳисор дар бозии ниҳоӣ бар ҳарифи худ Ҷалил Зоҳирӣ аз Кӯлоб ғолиб омад ва байни ҷавонмардон мақоми аввалро касб намуд.

Рустам Холиқов, раиси Федеросиюни тенниси рӯи мизи Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт: «Ин мусобиқа зӯртарин теннисбозони ҷавонро муайян кард, ки онҳо моҳи сентябр дар мусобиқоти қаҳрамонии тенниси рӯи мизи Осиё байни ҷавонон дар Ҳиндустон ширкат хоҳанд кард.»

Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG