Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷамъбасти даври 51-уми «Евровижн»


Москва oyandasoz@rferl.org

Дафъатан баъди шунидани хабари пирӯзии ҳамватанашон дар озмуни мусиқии «Евровижн» ҳазорон сокини Белград, пойтахти Сербистон, ба хиёбонҳо рехта, ба таҷлили ин рӯйдод пардохтанд. Бархе аз мардуми ин кишвар рақсу бозӣ, дигарҳо "Дуъо"-и Мария Шерифович, таронаи барандаи Евровижин 2007-ро, бо садои баланд замзама мекарданд.
Воислав Коштунитса, нахуствазири Сербистон, ба ҳунарманди ғолиби озмун номае фиристод, ки дар он ҳамагӣ ду калима буд: «Офарин, Мария!».
Таронаи "Дуъо" баҳси миёни инсону парвардигор аст, ки оид ба мушкилоти зиёди имрӯзи Сербистон суҳбат мекунад.
Мария Шерифович, хонандаи ин тарона, баъд аз пирӯзии худ дар нишасти матбуотии пойтахти Финландия Ҳелсинки, маҳалли баргузории даври ниҳоии озмун, аз ҷумла гуфт: «Ман фикр мекунам, ки барои Сербистон як давраи ҷадид шурӯъ шуд, ва на танҳо дар мусиқӣ». Ҷоизаи дувуми озмуни имсолаи «Евровижн» ба Верка Сердючка аз Украина ва ҷоизаи севум ба гурӯҳи русии "Серебро" («Нуқра») насиб гардид.
Вижагии озмуни имсола аз озмунҳои солҳои қаблӣ, пеш аз ҳама, дар ширкати нахустини намояндагони кишварҳои собиқ шӯравӣ - Арманистону Гурҷистон ва Беларусу Молдова - дар он буд. Ҳамаи онҳо, ба қавли мусиқишиносон, бо мусиқии наву миллии худ ба озмуни собиқадори сирф аврупоӣ рангу ғановати хосса бахшиданд. Аммо аз назари баъзе мунаққидони озмун, дар озмуни имсола нафаре барҷастатар аз дигарон суруд нахонд.
Аксари кулли ҳунармандон, ки аз 24 давлат намояндагӣ мекарданд, тақрибан дар як жанр ва бо кайфияти тақрибан баробару аксар ба забони англисӣ ҳунарнамоӣ карданд. Аз ҳамин хотир, ҳунарнамоии овозхони укаринӣ бо таронаи "Dancing Lasha Tumbai", ки аз лиҳози саҳнавӣ ғайримуқаррарӣ ва тоза буд, бидуни мушкил мавқеъи дувумро касб кард - ҳарчанд аз лиҳози матн ва оҳанг ин тарона наметавонист бо эҷоди аксар ширкатдорони «Евровижн» қобили рақобат бошад.
Давраи 52-вуми «Евровижн» соли оянда он дар Белгради Сербистон баргузор хоҳад шуд.
oyandasoz@rferl.org
XS
SM
MD
LG