Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори мулло Додуллоҳ тасдиқ шуд


Нерӯҳои Паймони Атлантики Шимолӣ дар Афғонистон таъйид карданд, ки Мулло Додуллоҳ, яке аз фармондеҳони аршади Толибон кушта шудааст.


Дар баёнияи расмии паймони Нато гуфта мешавад, ки Мулло Додуллоҳ пас аз тарки паноҳгоҳаш дар ҷануби Афғонистон дар амалиёте бо ширкати нерӯҳои эътилофӣ ба раҳбарии Амрико, НАТО ва қувваҳои давлатии Афғонистон рӯзи шанбе кушта шудааст.


Сухангӯи вазорати дифоъи Афғонистон генерал Зоҳир Азимӣ рӯзи якшанбе гуфт, ки ҷасади Мулло Додуллоҳ дар миёни даҳ ҷасади дигар дар маҳалли даргирӣ дар вилояти Ҳилманд ёфт шуд.
XS
SM
MD
LG