Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон ва Амрико ба баҳси Ироқ мепардозанд


Эрон, ки аз соли 1980 то кунун бо ИМ равобити дипломатӣ надорад, нахустин шуда дар бораи баргузории музокирот эълом кард ва фурсате баъд аз ин сухангуи Кохи Сафед Гордон Ҷондро гуфт, ки зимни нишаст дар Бағдод сафири Амрико Эронро ба ифои нақши созанда дар Ироқ тарғиб хоҳад кард.

Иёлоти Муттаҳидаро дар ин гуфтушунуд сафираш дар Бағдод Риян Крокер намояндагӣ хоҳад кард, ки борҳо Эронро ба ҳимоят аз шӯришиёни шиамазҳаби ироқӣ ва талош барои дастёбӣ ба силоҳи атомӣ айбдор кардааст. Аз Эрон низ сафири кишвар дар Ироқ дар музокирот ширкат мекунад.

Вазири корҳои хориҷаи Ироқ Ҳушёр Зибарӣ аз ин музокироти барномарезишуда истиқбол карда, онро нишонаи мусбат номид. Вай гуфт, ки Амрико ва Эрон бозигарони аслии минтақаанд ва барои баррасии вазъи амнияти Ироқ ба музокироти пураҳамият барои амнияти Ироқ ниёз вуҷуд дорад.

Ба ақидаи шореҳон, дар ҳоле ки мизони хушунатҳои мазҳабӣ дар Ироқ рӯ ба афзоиш дорад ва Конгресси Амрико бо талаби хотима бахшидан ба ҷанги чорсола раисиҷумҳур Ҷорҷ Бушро зери фишори афзоянда қарор додааст, Теҳрон метавонад дар истиқрори субот дар Ироқ нақши калидӣ иҷро кунад. Ва ин дар навбати худ метавонад як нуктаи аслии наздикшавии мавқеъҳои ҷонибҳои амрикоӣ ва иронӣ гардад.

Сухангӯи Кохи Сафед Гордон Ҷондро гуфт, давлати Амрико бояд ба хотири ба эътидол овардани вазъи Ироқ ва коҳиши хатар ба ҷони нерӯҳои амрикоӣ тамоми иқдомотро биандешад ва ба ҳамин хотир Ҷорҷ Буш иҷоза додааст, то ин музокирот сурат бигирад. Бо вуҷуди он ки ба гуфтаи Гордон Ҷондро нерӯҳои амрикоӣ дар Ироқ алайҳи фаъолиятҳои душманонаи ирониҳо дар Ироқ иқдом мекунанд.

Мунаққиди деринаи ҷумҳурихоҳи Ҷорҷ Буш сенатори иёлати Небраска Чак Ҳагел аз музокироти қарибулвуқӯъ изҳори хурсандӣ карда ва гуфтааст, то даме ки тавофуқи нерӯҳои минтақа, ки Эрон низ ҷузъи он ҳаст, ҳосил нашавад, истиқрори сулҳ дар Ироқ имконнопазир аст. Вай афзуд, ки Ирон ба Амрико ҳеҷ хидмате намекунад, зеро худаш дар беҳбуд ёфтани вазъ манфиатдор мебошад.

Муовини раисиҷумҳури ИМ ва мунтақиди доимии кишварҳое ба монанди Эрону Сурия Дик Чейнӣ гуфтааст, Эрон дар истиқрори субот дар Ироқ метавонад нақши мусбат дошта бошад.

Мақомоти амрикоӣ пайваста мегӯянд, бо ҳамтоёни иронияшон мулоқот хоҳанд кард, аммо танҳо дар мавриди вазъи Ироқ ва на баландпарвозиҳои ҳастаии Ирон.

Бо вуҷуди омодагӣ ба музокирот, мавқеъи Ирон нисбат ба дахолати Амрико ба умури минтақа бетағйир монд. Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ҳангоми боздидаш аз Имороти Муттаҳидаи Араб бори дигар хостори ихроҷи нерӯҳои Амрико аз Ироқ шуд. Шореҳон бар инанд, ки афзоиши мизони хушунатҳо дар Ироқ мояи нигаронии ҳам Иёлоти Муттаҳида ва Эрон шуда ва онҳоро водор ба ба музокироти мустақим кардааст.
XS
SM
MD
LG