Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе бо оби тоза пурра таъмин мешавад?


sg

Тибқи иттилоъи идораи обу корези Душанбе, бо мусоидати созмонҳои байнулмилалии молӣ ва кишварҳои кумаккунандаи Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир 52 дарсади аҳолии пойтахт бо оби поки ошомиданӣ таъмин мебошанд. Аммо дар ҳамин ҳол 35 дарсади сокинони Душанбе оби олударо истеъмол мекунанд.


Мирзо Хушвахтов, сармуҳандиси ин идора, гуфт, то ҳанӯз иллати аслии олудагии об дар фарсудагии системаи полоиши обанбори шаҳри Душанбе, ки дар солҳои ҷанги дохилӣ ба ҳам зада шудаву то кунун ҳам таъмир надидааст, боқӣ мемонад. Ба гуфтаи ӯ, дар сурати қабл аз истеъмол ҷўшонидани оби комилан покношуда хатари гиритфор шудани аҳолӣ ба бемориҳои сироятӣ аз миён меравад.


Аммо Раъно Абдураҳмонова, вазири тандурустии Тоҷикистон, чанде қабл дар як нишасти хабарӣ зикр намуд, ки ҳамоно бештари аҳолии Тоҷикистон ба оби поки ошомиданӣ дастрасӣ надоранд ва оби истеъмоли нопок пайваста боиси хурӯҷи бемориҳои мухталифи сироятӣ мегардад. Хонум Абдурҳамонова боз таъкид кард, ки баробари фаро расидани фасли гармо чун солҳои қаблӣ дар натиҷаи истеъмоли оби олуда аз ҷониби мардум дар кишвар хатари густариши маризиҳои уфунӣ вуҷуд дорад.


Ин дар ҳолест, ки ахиран масъулини Маркази танзими лоиҳаи обтаъминкунии шаҳри Душанбе тарҳи барномаи таъмини сокинони пойтахт ба оби поки ошомиданиро муррифӣ намуданд.


Гуфта мешавад, барои роҳандозии ин тарҳ, ки аслан бо қарзи бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мегардад , 18 миллион доллар сарф шудааст.

Шаҳлои Гулхоҷа, Душанбе
XS
SM
MD
LG