Шоҳруххон, аз ситораҳои синамои Болливуд, ки дар Тоҷикистон, бавижа миёни духтарон маъруфияте касб кардааст, ахиран, дар осорхонаи маъруфи хонум Туссо ҷой гирифт.
Осорхонаи хонум Туссо саросар пур аз пайкараҳои аз мум сохта шудаи чеҳраҳои маъруфи ҷаҳон мебошад. Дар ин осорхона пайкараҳои даҳҳо сиёсатмадорон, варзишгарон, ҳунармандон ва .... -они дигар ҷой гирифтааст.
Ҳамакнун, Шоҳруххон саввумин чеҳраи Болливуд аст, ки пойи худро ба даргоҳи хонум Туссо гузоштааст. Қабл аз ӯ Амитабх Баччан, ба истилоҳ падари таъмидии синамои Ҳинд ва Айшвария Рай, ки ҳамин чанд рӯзе пеш келини ҷаноби Баччан гардид ва маъруфияти худро пас аз дарёфти унвони бонуи соли ҷаҳон касб карда буд, пайкараҳояшонро дар осорхонаи мадам Туссо дида буданд.
Шоҳруххон, ки ҳангоми муаррифии пайкараи мумии худ хеле хушҳол менамуд, ягона таассуфаш аз он буд, ки модараш ин, ба истилоҳи худи ӯ, фатҳи қуллаи нави шӯҳратро намебинад.
Ва аммо бо ёдоварӣ аз кӯтоҳқадияш лаби Шоҳруххонро табассуми маъруфаш зер карда ва гуфтааст, ки агар аз ҳақиқат чашм пӯшида қадашро каме баландтар меофариданд, бад намебуд. Ба Шоҳруххон ба вижа чашмони ҳамеша хандонаш писанд омадааст.