Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сагони мубталои фишори равонӣ


Дар Швейсария маризиҳои равонии сагҳоро меомӯзанд

Табибони швейсарӣ мегӯянд, ки теьдоди зиёди сагҳо дар ин кишвар аз афсурдагӣ ва бемориҳои мухталиф ранҷ мебаранд.

Линда Ҳорнисбергер, ки дар маризхонаи ҷонварони шаҳри Берн кор мекунад, гуфтааст, сагон бештар аз фишорҳои равонӣ (!) ва дарди сару шикам ранҷ мебаранд. Ин бонуи пизишки ҷонварон гуфтааст, омили аслии мариз шудани сагҳо соҳибони асабонии онон мебошанд.

Табибон гуфтаанд, сабаби дигари афзоиши маризӣ миёни сагон он аст, ки онон дар манзилҳои танг ба сар мебаранд, ҳамеша бо гарданбанд нигаҳдорӣ мешаванд ва имкони ҳаракати озодонаро надоранд ва ҳамчунин зиёд будани теъдоди сагон дар гирду атроф низ як омили фишори равонӣ барои сагон будааст.

Андреас Лурер, як пажӯҳишгари дигари равони сагҳо гуфтааст, афсурдагии равонии соҳибони сагҳо ба сагҳо таъсир мерасонад ва онҳо низ мисли соҳибонашон гирифтори маризии афсурдаҳолӣ мешаванд.

Ба гуфтаи табибон, афсурдаҳолии сагҳо айнан ҳамон гуна будааст, ки дар инсонҳо мушоҳида мешавад. Бону Ҳорнисбергер гуфтааст, сагҳои афсурдаҳол ба андозае худро мелесанд, ки пашмҳояшон ҳама мерезад. Ин рафтори сагҳоро табиби швейсарӣ ба ангуштхоии инсонҳо монанд кардааст.
XS
SM
MD
LG