Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишҷӯи ҳиҷобпӯши тоҷик донишгоҳашро ба додгоҳ бурд


Ҳафтаномаи «Азия +» ба баррасии сафари Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба халиҷи Форс пардохта ва навиштааст, мулоқотҳои анҷомшуда муваффақ буда ва хоса дастури амири Қатар дар мавриди суръат бахшидани омӯзиши зарфиятҳо ва густариши ҳамкориҳо метавонад баёнгари ҷиддияти ҷониби дигар дар таҳкими робитаҳо ва умедворкунанда бошад.

Ин ҳафтанома ҳамчунин мусоҳибае аз А. Достиев, муовини собиқи раиси МН ва сафири Тоҷикистон дар Маскавро нашр карда ва ин суолро гузоштааст, ки таъини Достиев ба унвони сафир ба маънои бадарғаи сиёсии ӯ ва халосӣ аз як сиёсатмадори ба истилоҳ нохушоянд аст ё як таъиноти хос ва ҳадафмандона? Оғои Достиев гуфтааст, ки посухи чунин суолеро аз раиси ҷумҳур бояд бигиред.

Аммо «Миллат» зери унвони «Аз халиҷи Форс насими чӣ меояд?», навштааст, ки ба ҳар сурат коҳиш додани саҳми Русия дар барномаҳои иқтисодии Тоҷикистон ва боз кардани роҳ барои сармоягузорони дигар, аз ҷумла кишварҳои сарватманди ҳошияи халиҷ як амри зарурист. Ин нашрия дар сармақолаи худ навиштааст, сиёсати тарҷеҳ додани Русия ба унвони шарики аввал ва кишварҳои дигарон ба унвони шарики дараҷаи ду дигар коромад ва ба нафъи Тоҷикистон нест. Ва ҷоеро барои муносибат бо дигарон низ бояд холӣ кард.

Аммо дар матлаби дигаре навиштааст ин рузнома, бо ин ки Тоҷикистон пойгоҳи низомии Русияро дар пойтахт ва пойгоҳи кайҳонии Панҷараро дар Норак ҷой додааст, ҳадафи эҳтимолии зарбаҳои ҳастаӣ мебошад. Бо ин ҳама вуҷуд имтиёзе аз Русия нагирифтааст. Дар ояндаи наздик бояд мулоқоти боҳашамати руасои ҷумҳурии Тоҷикистону Русияро интизор дошт, вале ин мулоқот бисёр имкон дорад мисли мулоқотҳои соли 2004 ва 2005 бенатиҷа анҷом шавад.

Аммо ҳафтаномаи «Фараж» аз тасмими шаҳрдорӣ барои кумаки доимӣ ба занони иштирокдори Ҷанги бузурги ватанӣ хабар дода ва навиштааст, ки феълан дар пойтахт 44 нафар чунин занон ба сар мебаранд ва шаҳрдори Душанбе тасмим гирифтааст, ки истифода аз таксиро барои онҳо ройгон кунад.

Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» дар сармақолаи худ зери унвони «Донишҷӯ донишгоҳро ба додгоҳ бурд» ба баҳси ҳиҷоб дар донишгоҳҳо бар гашта ва навиштааст, Давлатхонум Исмоилова, донишҷӯи соли саввуми донишгоҳи забонҳои Тоҷикистон аз маъмурияти ин донишгоҳ барои манъ кардани ӯ аз рафтан ба донишгоҳ бо ҳиҷоб ба додгоҳи ноҳияи Сино шикоят кардаст.

Ҳафтаномаи «Зиндагӣ» аз боздошт ва раҳоии Додоҷони Атовулло дар фурудгоҳи Маскав ва нашрияи «Собития» аз рушди маҷмуи маҳсулоти дохилӣ то ҳадди 5, 3 дарсад дар се моҳи аввали соли равон хабар додаанд.
XS
SM
MD
LG