Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии тоҷирони бозорнишин аз чист?


Ҳудуди 350 фурӯшанда ва тоҷирони бозори «Корвон»-и Душанбе алайҳи тасими Вазорати умури дохила ва ҳукумати шаҳри Душанбе дар мавриди хароб намудани қисме аз дуконҳои ин бозор изҳори норозигӣ кардаанд.


Тибқи як барномаи Вазорати умури дохила ва шаҳрдорӣ дар доираи бозсозии бозор қисмате аз дуконҳо бояд бардошта шуда, аз нав сохта шаванд.


Соҳибкорон ин амалро нодуруст ва ғайримунсифона медонанд, зеро аксарашон дар ивази дарёфти маблағи калони бонкӣ тавссути ба гарав гузоштани манзилҳои зисташон дар ин бозор дукон ё нуқтаҳои фурӯш харидаву тиҷорати худро ба роҳ мондаанд.


Ин тоҷирон аз он нигаронанд, ки баъди тармими бозор дуконҳояшон бо қиматҳои баланд ба онҳо дигарбора фурӯхта мешаванд ва ё аслан аз ин ҷойҳои худ маҳрум мегарданд. Саодат, як зани 70-солае, ки панҷ сол қабл бо маблағи 11 ҳазор доллар дар ин бозор дукони ҳозираашро боз кардааст, дар суҳбат ба радиои «Озодӣ» изҳори нигаронӣ мекунад, ки чигуна аз ин пас метавонад хонаводаи иборат аз 30 нафарашро таъмин кунад.


Дар ҳамин ҳол Шералӣ Қарахонов, яке аз маъмурони бозори «Корвон», мегӯяд, бо қарори Вазорати корҳои дохилии кишвар 11 дӯкон ва бинои тилофурӯшии ин бозор, ки ҳудудан 100 ададро ташкил мекунанд, ба талаботи сухторхомушкунӣ ҷавобгӯ нестанд ва аз ин сабаб бояд тахрибу аз нав сохта шаванд. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки маъмурияти бозор ба соҳибкорон кафолат медиҳад, ки ин дуконҳо баъд аз таъмири дубора ба соҳибони қаблиашон баргардонида мешаванд.



Ва аммо мусоҳиби дигари мо, тоҷири яке нуқтаҳои тиллофурӯшӣ ин тасмими масъулини бозорро ба гунаи дигар арзёбӣ мекунад.


Ин дар ҳолест, ки дар ду моҳи ахир ба ин дукондорони бозор ҷиҳати тарк кардани дуконҳояшон муҳлат дода мешавад, аммо тоҷирон аз бими маҳрум шудан аз тиҷорату василаи даромад ва аслан ба ҳарфи маъмурини бозор бовар надоштанашон дуконҳои худро тарк карданӣ нестанд.

Oyandasoz@rferl.org
XS
SM
MD
LG