Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Падруд, "Ҳамнафас"!


Чаро барномаи "Ҳамнафас" баста шуд ва оё он рисолати худро ба иҷро расонд? Охирсухани ҳамнафасон чист?

Ассалому алейкум, ҳамнафасони азиз.
Ин барномаи мо чаппа аст. Аз ҷумлаи охир сар мекунем. Агар ёдатон бошад, ғолибан ин хел буд:

Поёни барномаи Ҳамнафас.

ва баъдаш мусиқӣ.

Поёни барнома на ба маънии итмоми ин нашри он, балки куллан хатми пружа ё ташаббусе бо номи "Ҳамнафас". Аммо шабеҳи фармонҳои асроромези замони шӯравӣ, ки баъзан имрӯзҳо ҳам садо медиҳанд, намегӯем, ки "бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш" ва ё "баъд аз бемории тӯлонӣ" дили барномаи Ҳамнафас аз задан монд. Ҷои пинҳон кардан нест. Бо сабаби ба поён расидани дарунмояаш ва аз тарси ба кори оддию муқаррарӣ табдил ёфтанаш ва дар робита ба сохтори нави гуфторҳои тоҷикии радиои Озодӣ, таҳия ва тавлиди маҳсуле бо номи "Ҳамнафас" бо ихтиёри тавлидкунандагони он ва ризоияти мудирияти бахш қатъ гардид. Дар ҷои ин барнома то 26-уми июн вижагуфторе бахшида ба Гуфтушунидҳои сулҳи Тоҷикистон ва баъдан маҷаллаи нави сиёсии радиои Озодӣ пахш хоҳанд шуд. Бо ҳамин барномаи Ҳамнафас, ки тайи 2 солу 7 моҳ шуморо ба ҳамнафасиҳо даъват мекард, ба бойгонии таърихи радиои Озодӣ супурда хоҳад шуд.

ҲАМНАФАС КӢ БУД?

5-уми октябри соли 2004-ум аввалин бор барномаи Ҳамнафас дар радиои Озодӣ садо дод. Аммо як моҳ пешаш дар чанд ҷаласаи Бахши тоҷикии радиои Озодӣ бо сарварии мудири онвақтаи бахш хонум Маъсумаи Турфа тарҳи барнома рехта, иҷрокунандагон ва аҳдофи он муайян шуд. Номи барномаро банда гузошт ва ин номе буд, ки дар хобам омада буд, дар шабурӯзи ҷустуҷӯи номи хуб. Ва ин номи сангине буд, ки заҳмати зиёд мехост, зеро мебоист фосилаи байни иҷрокунандагони барнома ва шунавандагони он ба андозаи як нафас кӯтоҳ ё наздик карда мешуд. Вазифаи зоҳиран осон, зеро воқеан агар радиои шумо дар наздикатон аст ва шунидани барномаҳои Озодӣ дар миёни ғалаёни садоҳои эфир душвор асту гӯши худро ба радио наздиктар мебаред, худ аллакай ҳамнафас мешавед. Онгуна ки шунавандагони барнома мегӯянд:

- Гоҳ мавҷ хуб мерасад, гоҳ тамоман шунида намешавад.
- Душвор бошад ҳам, гӯш мекунем.
- Бале, мешунавем, ки мегӯянд, барномаҳои Бахши тоҷикии радиои Озодӣ ва баъдаш як уллос ё ҳуштаке меояд, ки намегузорад, бифаҳмӣ...

Дар чунин ҳол аз сӯи дигар вазифаи мо сангин буд, зеро бояд чизҳое гуфта мешуд ва тавре гуфта мешуд, ки шунаванда бо вуҷуди ҳамаи ин машаққатҳо бо мо ҳамнафас шавад. Ва дар бораи номи барнома низ изҳори назарҳо гуногун буданд, дастикам баъд аз як соли пахши он:

- Ҳамнафас будан, яъне наздик будан аст.
- Барномаи шумо ним соат вақти одама мегирад.
- Касе ки ҳамроҳу ҳамсафари инсон аст, ҳамнафас мегӯянд.

Бо шунидани ин ақидаҳо мо мутмаъин шудем, ки номи барномаро дуруст ва нишонрас интихоб кардаем. Як ҳамсӯҳбати дигари мо гуфт, "ҳамнафас на танҳо касест, ки бо ӯ аз як ҳаво нафас мекашӣ, балки бо ӯ баробар нафас мекашӣ ва бо ӯ хеле наздик ҳастӣ."

НИЛУФАР ВА АБДУРАҲИМ

Ба гуфти худи онҳо барномаи Ҳамнафас барои Нилуфари Собир ва Абдураҳими Умарзод як коромӯзии муфиде буд, ки сарнавишти ояндаи онҳоро муайян кард. Ҳамчун коргардони барнома бояд бигӯям, ки ростӣ, гап байни худмон, супоришҳое ки онҳо ва дигар ҳамкорон иҷро мекарданд, хеле ва хеле сахт буданд. Тобистони соли гузашта, рӯзҳое ки дар Душанбе будам, имтиҳон кардам, ки як пурсише дар хиёбонҳо ба роҳ монам ва рӯи навор орам ва шармандаам, натавонистам, ин корро дар сатҳи Нилуфар ё Абдураҳим ба ҷо орам. Аввалин ҳамсӯҳбати ман, ки то гирон кардани дастгоҳи забт бо шавқ гап мезад, баъдаш ҳолати исти низомӣ гирифт ва дигар он гуфтаҳояшро такрор накард, балки баракс чаппа гап зад. Нилуфар вижагие дорад, ки метавонад, зуд эътимоди ҳамсӯҳбати худро ба даст орад ва ҳарфи дили ӯро берун кашад. Одамон бо ҳар кас ҳар хел, вале бо вай самимона сӯҳбат мекунанд. Абдураҳим бо якравӣ ва фишори боэҳтиром ба ҳамсӯҳбат фарқ мекунад. Агар касе ба пурсиши ӯ посух надод, вай дафъатан суолро ба шакли дигаре пеш меорад ва агар боз ҳам нашуд, ҳамон суолро бо ибораҳои дигар матраҳ мекунад, то посухро бигирад. Ба назарам вай аз дамдуздтарин одам ҳам баъд аз лаҳзае метавонад, мусоҳиба бигирад, агар он одам зинда бошад.
Ҳамнафаси ин лаҳзаҳои мо, Шаҳлои Гулхоҷа аз Нилуфари Собир, ки акнун дар нашрияи "Нигоҳ" кор мекунад, пурсид, аз ҳамкорӣ бо ҳамнафас чи бардоштҳое дорад?

"Барномаи Ҳамнафас, ки ман тайи як сол дар он кор кардам, як сарчашмаи баҳс ва идеяҳои нав, ба миён овардани идеяҳо ва андешаҳои нав буд. Ин андешаҳо ба расонаҳои дохилии Тоҷикистон таъсир мекарданд ва баҳсҳоеро ба миён меоварданд. Масалан, аввалин супориши ман ин буд, маводе ҷамъоварӣ кунам дар посух ба суоле ки оё ормони миллии мардуми мо чист. Баъд аз пахш шудани барнома мавзӯъи ормони миллӣ дар нашрияҳои Тоҷикистон қариб ним сол мавриди баҳсу баррасӣ буд. Як фарқи муҳими Ҳамнафас ин буд, ки агар нашрияҳо аз дигар барномаҳо ягон порча ва ё як гузориши бахусусро гирифта чоп мекарданд, барномаи Ҳамнафас дар шакли пуррааш сафҳаи матбуотро пур мекард. Агар дар ёд дошта бошед, мавзӯъҳои Ҳамнафас чӣ қадар номаҳои зиёдеро ба Майдони баҳс меоварданд, ки на танҳо аз маъруфияти барнома хабар медод, балки аз нуфузи он низ.

Шаҳло: Дар таҳияи гузориш ва пурсишҳо барои барнома Шумо то куҷо муваффақ мешудед?

Нилуфар: "Гап дар ин ки дар барнома умдатан бисёр мавзӯъҳои ҷолиб баррасӣ мешуданд. Ман медонистам, ки ин мавзӯъҳо хеле мушкиланд, вале он қадар шавқангез, ки ба думболи онҳо мерафтам ва ҳамаи талошро мекардам, ки муваффақ бошам. Албатта, бояд дигарон баҳо диҳанд, лекин эҳсоси шахсии ман ин аст, ки ҳамеша муваффақ будаам. Ин таҷриба ҳоло ба ман кӯмаки зиёд мекунад.

Шаҳло: Кадом мавзӯъҳо, масалан?

Нилуфар: Ман асосан бо мавзӯъҳои сиёсӣ машғул будам, махсусан бо он ки ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон ба ин ё он масъала чӣ назар доранд. Ва на танҳо масъалаҳои сиёсӣ ё иқтисодӣ. Масалан, сарулибос, таъом ва ё рақобат аз нигоҳи сиёсатмадорон ва монанди инҳо. Дар натиҷа дар як соли кор ман ҳизбҳои сиёсӣ, хулқу атвори сарони ин аҳзоб ва мушкилоти онҳоро ба дараҷае омӯхтам, ки ҳоло ин таҷриба ба кори ҳаррӯзаам хеле мадад мекунад. Дигар чизи ҷолиб ин таҷрибаи гузоришҳои тасвирӣ дар Ҳамнафас буд. Мо ба деҳот мерафтем, ба корхонаҳо, майдонҳо ва мебоист, бо забти садоҳои атроф, тасвири сару симои мардум ва муҳит гузориш нависем. Чунин гузоришҳои тасивриро ман дар дигар барномаҳо вонахӯрдаам. Ин талабот моро кӯмак мекард, ки хеле мушоҳидакор бошем ва ин ҳам як таҷрибаи хубе буд."

Шаҳло: Пас Ҳамнафас барои Шумо як мактабе буд, на?

Нилуфар: Ҳамнафас барои ман мактаб буд ва аммо бештар аз як мактаб роҳе буд, ки маро ба дунёи журналистика ворид кард.

Ташаккур, Нилуфари азиз, ҳар куҷо ҳастӣ сарсабзу шодком бошӣ, мегӯем ба ҳамнафаси худ. Мутаассифона, Абдураҳими Умарзодро пайдо карда натавонистем. Вай ҳоло корманди телевизиони "Сафина" бо наворбардории намоиши навбатии худ банд буд ва ба ӯ ҳам хуррамию барори кор мехоҳем.

ДУРУД БАР РАҲМАТКАРИМ!

Саҳми хабарнигори мо дар Душанбе Раҳматкарими Давлат дар комёбиҳои барномаи Ҳамнафас бебаҳост. Гузоришҳои ӯ гоҳе шоҳсутун ва гоҳе пойдевори барнома буданд. Меҳрварҳое буданд, ки бақияи барнома дар атрофи онҳо мечархид.

Як рӯз пурсидам, росташро бигӯ, чи қадар сахт аст, кор дар Ҳамнафас. Гуфт, агар ин ҳама гузоришҳоро ҷамъ мекардам ва Фарҳангистони улум мебурдам, агар унвони докторӣ ҳам намедоданд, номзади илм ку мешудам. Гуфтам, дар кадом ришта. Гуфт, яъне мегӯед дар чанд ришта? Дар бисёр риштаҳо, равоншиносӣ, ҷомеъашиносӣ, сиёсатшиносӣ, адабиётшиносӣ, ҳунаршиносӣ, мардумшиносӣ, таърихшиносӣ... Суханашро буридам, гуфтам, ба як ибора бигӯ, ки дар ҷангалшиносӣ, зеро гузорише ки дар бораи ҷангалҳои Тоҷикистон навиштӣ аз ягон олим нахонда будам. Аммо манзурам рӯшание буд, ки Раҳматкарим дар ҷангали мавзӯъҳои номакфуш андохта буд.
Гӯш диҳем ба сӯҳбати ӯ бо ҳамнафаси мо Шаҳли Гулхоҷа:

Шаҳло: Шумо ки аз ибтидои барнома бо он ҳамкорӣ доштед, таассуроти Шумо чигуна аст?

Раҳматкарим: "Бале, ман дарвоқеъ аз ибтидо то имрӯз бо Ҳамнафас ҳамкорӣ доштам, гузориш таҳия мекардам. Дарвоқеъ ин барнома барои ман як мактаби дигар дар хабарнигорӣ барои радио буд ва умуман дар хабарнигорӣ, дар зиндагӣ ва мутолиа. Ҳамнафас як мактаб буд барои ман ба кадом маъно? Ба он маъно, ки мо вақте хабар таҳия мекунем, гузориш таҳия мекунем, ҳадаф аз ин мутталеъсозии шунаванда аст. Яъне огоҳии бештар медиҳем ба шунаванда. Аммо вақте ки ман бисёре аз матолиби Ҳамнафасро таҳия мекардам, аксаран мавзӯъҳои маъмулӣ набуданд, ғайриоддӣ буданд. Мавзӯъҳое буданд, ки ба пажӯҳиш, таҳқиқ ниёз доштанд. Ва дар ҷараёни ин мутолиа ва таҳқиқоте, ки анҷом медодем, бисёр огаҳиҳои дигаре касб мекардем. Донишҳои зиёде дар риштаҳои мухталиф мегирифтем ва қабл аз ҳам барои худамон. Вақте бо коршиносон сӯҳбат мекардам, бо донишмандон, шунавандагон, устодони донишгоҳ ва ғайра, бисёр чизҳо барои худи ман рӯшан мешуд. Барои ҳамин фикр мекунам, кореро ки бо Ҳамнафас анҷом додаам, баро ман як кори бисёр муфид буд.

Шаҳло: Ин барнома то куҷо муваффақ буд?

Раҳматкарим: Бидуни шак, бидуни шак, яке аз барномаҳои бисёр муваффақ дар радио буд ба он далел, ки тавре гуфтем, мавзӯъҳои мухталиферо баррасӣ кард, ки аксари онҳо дар радиои Озодӣ матраҳ нашуда буд ё ки ба ин шакл матраҳ нашуда буд. Ин бештар як барномае буд, ки шунавандаро ба фикр кардан водор мекард, фикр карданро ёд медод ва барои он ки мо фикр карданро ба як каси дигар биомӯзонем, мо бояд аввал худ фикре дшта бошем, фикр тавлид карда битавонем. Фақат чизе ки ҳамеша мушкил буд барои ман, тангии вақт буд. Ман вақте ки фурӯ мерафтам ба омӯзиши мавзӯъҳо медидам, ки як рӯзи кор кофӣ набудааст. Вақте мо мерафтем думболи омӯзиши мавзӯъ дарк мекардем, ки тоза мо худамон ҳоло ба дарки мавзӯъ ворид нашудаем, аммо аллакай он замон фурсати таҳияи гузориш аз даст рафтааст. Яъне ки вақт мехоҳад, то як барномаи бисёр ҷолиб, бисёр шуниданӣ таҳия шавад. Вале дар сурат, фикр мекунам, ки Ҳамнафас як барномаи муваффақ буд.

Шаҳло: Оё нокомӣ низ дошт?

Раҳматкарим: Ноком набуд, ноком набуд. Фақат чизеро ки гуфтам, ин зиққии вақт буд.

Ташаккур, Раҳматкарими азиз, агар ҷиддан аз пайи дифоъи рисолаи ҷангалшиносӣ шудед, ҳамаи ҳамнафасони мо, шунавандагони мо бо гулдастаҳо пеши дари академия ҳозир хоҳанд шуд.

ГУФТУГӮ БО КОРГАРДОН

Ин саҳифаи барномаи Ҳамнафасро ин бор банда, Мирзои Салимпур муъаррифӣ мекунам, ки иборат аст аз гуфтгӯе бо коргардон ва муҷрии барнома, Салими Аюбзод, ки ин бор на дар паси мизи ҳидоят, балки дар курсии меҳмон нишастааст. Ва суоли нахустин ин аст, ки оё ғамгин нестед?

Росташ, то ҳамин лаҳза ғамгин набудам, вале ҳоло як каме ғамгинам, монанди ин аст, ки як дӯсти хубу инсони беҳтар аз хешро ба раҳи дур гусел мекунам. Вале ин ғами ширин аст, зеро дар ҳамин фурсат қатъ кардани барнома ба маънии қаноъатмандист.

Ба назари Шумо, ин пружа ё лойиҳа чи дастовард ва чи бохтҳо дошт?

Албатта, қазоват умдатан бо дигарон аст, вале гуфтам, як мавҷуди беҳтар аз хештан, аз он сабаб буд, ки барномаи Ҳамнафас маҳсули ковишҳои эҷодӣ ва меҳнати шоққаи чандин нафар аз ҳамкорон буду ман ҳам увзи ин гурӯҳ ва то андозае метавонам изҳори назар кунам, ки дастовардҳои барнома зиёданд.
Аввалан, Ҳамнафас, доираи мавзӯъҳоеро, ки радиои Озодӣ асосан сари кор дошт, хеле васеътар кард, чорчӯбаҳоро шикаст ва берун баромад. Даҳҳо мавзӯъе, ки дар гузашта мо ё таваҷҷӯҳ накардаем ва ё сарсарӣ дахл кардаем, ин ҷо таҳқиқ шуданд. Масалан, хосияту характери миллии тоҷикӣ ё худ баррасии мафҳумҳое чун зебоӣ, рақобат, дӯстӣ, инқилоб, нангу номус ва ғайра аз нигоҳи ҷомеаи имрӯза, решаҳои маҳалгароӣ дар Тоҷикистон, забону шеваҳо, токтикҳои фаъолияти аҳзоби сиёсӣ ва ғайра. Баъзе аз ин мавзӯъҳо бори аввал ин ҷо баррасӣ шуданд, сипас дар барномаҳои дигари радиои Озодӣ идома карданд ва чанде аз онҳо ба мавзӯъҳои доимии матбуоти Тоҷикистон табдил ёфтанд. Монанди маҳалгароӣ, нақши рӯшанфикр дар ҷомеа, бӯҳрони салиқаи раҳбарӣ дар ҷаҳон, нархи манзил дар Душанбе. соли Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ва амсоли ин.
Дуввум, лаҳн ва шеваи бозтару озодтар дар баррасии ҳатто ҷиддитарин масъалаҳо. Ба ибораи дигар санҷиши марзҳои озодии сухан.
Саввум, ширкати густардаи мардум дар ин барномаҳо. Масалан, сохтори аксари барномаҳо ингуна буд, ки чеҳраҳои маъруф изҳор назар мекарданд, сипас, коршиносон аз нигоҳи илмӣ, баъд як ё ду нафар аз коришносони байнулмлалӣ як нафар густариш медоданд, дидгоҳро ва сипас даҳҳо нафар аз шаҳрвандони оддӣ, зану мард, пиру ҷавон.
Чаҳорум. Ба ҳамкорӣ кашидани шунавандагони радиои Озодӣ ва хонандагони сомонаи интернетӣ. Ман гуфта метавонам, ки дастикам 5 мавзӯъи як соли гузаштаро маҳз онҳо пешниҳод карданд.

Чаро, Шумо бар ин назаред, ки барномаи Ҳамнафас рисолати худро ба поён расонд?

Барои он ки мо бумбастро дар пешорӯ дидем. Мавзӯъҳое, ки аз рӯи анъана ин барнома баррасӣ мекард, ҳоло ҳатто дар гузоришҳои минтақавии мо низ дида мешаванд. Лаҳне шеваи сӯҳбат низ дигар ба монанди сеюним сол пеш нав нест. Аслан ҳар барнома бояд пеш аз он ки дарунмояи худро ба поён расонад, қатъ шавад ва монанди хотираҳои хуши айёми ҷавонӣ дар зеҳнҳо ва дилҳо бимонад, то ин ки ба такрори мавзӯъҳо ва бозёфтҳои худ пардозад ва дилбазан шавад.

Аммо мавзӯъ ё нақшае дар миён буд, ки ногуфта ва нокушуда монд?

Бале. Чанд мавзӯъи ҷолиб, дақиқтараш се мавзӯъи дар ҳоли баррасии дастаи Ҳамнафас иҷронашуда мемонанд, вале сохтори нави барномаҳои тоҷикии радиои Озодӣ ин имконро дорад, ки рӯзе онҳо таҳқиқ ва боз шаванд. Махсусан маҷаллаҳои нави сиёсӣ ва иқтисодӣ, ки таъсис меёбанд, ин имконро фароҳам хоҳанд овард. Яъне "Ҳамнафас" тамом шуд, ҳамнафасӣ идома хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG