Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти вазири собиқи Арманистон


Мақомоти Арманистон вазири собиқи умури хориҷа Александр Арзуманиёнро бо иттиҳоми шустушуи пул боздошт кардаанд.


Ба қавли мақомот, Арзуманиян пулҳои дарёфткарда аз як тоҷири арманитабори Маскавро барои фаъолиятҳои нерӯҳои мухолифини давлати Арманистон масраф кардаст.


Вакили дифоъи вазири собиқ ба бахши армании Радиои Озодӣ гуфт, ки Александ Арзуманиён ҳар гуна хатокориро рад мекунад.


Ин сиёсатмадори арманӣ раҳбари ҳаракати мухолиф ба давлат мавсум ба "Нофармонии шаҳрвандӣ" аст, ки бо як ҳаракати дигари тундрави мухолиф ба давлат иртиботи наздик дорад.
XS
SM
MD
LG