Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раисҷумҳури Туркияро мардум интихоб мекунад


Порлумони Туркия бо ворид кардани тағйирот ба Қонуни Асосӣ мувофиқат кард, то раиси ҷумҳури ин кишвар бо раъйи мардум баргузида шавад, на тавассути порлумон.


Порлумони Туркия ҳамчунин пазируфт, ки интихоботи раиси ҷумҳур дар ин кишвар ҳар чаҳор сол як маротиба баргузор шавад, на дар панҷ соле як бор.


Ислоҳоти анҷомшуда аз сӯи порлумони Туркия бахше аз лоиҳаест, ки барои тасвиби ниҳоӣ дар марҳилаи дуввум аз сӯи 2/3 вакилони мардумии порлумон таъйид шавад.


Ин лоиҳа танҳо пас аз тасвиби раиси ҷумҳури Туркия Аҳмад Неҷдет Сезер ҳукми иҷроро хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG