Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беш аз сад пулиси мақтул дар ду моҳ


Вазорати умури дохилаи Афғонистон мегӯяд, ки бар асари ҳамлаву бомбгузориҳои пайкорҷӯёни Толибон дар ду моҳи гузашта беш аз 100 афсари пулиси афғон кушта шудаанд.


Сухангӯи вазорат Зиморай Башарӣ гуфт, қатли аксари кормандони пулис дар ҷануб ва шарқи Афғонистон сурат гирифтааст.


Пайкорҷӯёни Толибон маҳз дар ин ду минтақа бештар фаъоланд, агарчӣ нерӯҳои байналмилалӣ барои нобуд кардани онҳо ҳамчунон талош ба харҷ медиҳанд.
XS
SM
MD
LG