Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

70 кушта дар як шабонарӯзи гузашта


Дар нуқоти мухталифи Ироқ дар зарфи 24 соати гузашта ҳудуди 70 нафар, аз ҷумла 10 шӯришӣ ва ҳашт сарбози амрикоӣ, кушта шуданд.


Ба иттилоъи низомиёни амрикоӣ, дар ноҳияи Диёло бар асари таркиши як бомб шаш сарбози амрикоӣ ва як хабарнигори аврупоӣ ҷони худро аз даст додаанд. Ду сарбози дигари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҳодисаҳои ҷудогона кушта шудаанд.


Пештар аз ин бар асари инфиҷори мошини бомбгузоришуда дар як бозори пуродами Бағдод 35 нафар кушта ва 80 тани дигар маҷрӯҳ шуда буданд. Дар ноҳияи Саммаро бар асари ду ҳамлаи интиҳорӣ бо мошинҳои бомбгузоришуда 12 корманди пулис ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG