Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моҷарои русу эстон бар сари ҳайкал


Маълумоти бештар


Намехоҳам дар ин моҷарои сиёсии миёни Русия ва Эстониё, кадоме аз тарафҳоро гунаҳкор ва ё моҷароталаб биномам. Аз нигоҳи ман магар он бузургмардоне, ки имрӯз оромгоҳи ишон дар Таллин зери он муҷассама аст, сазовори чунин муомилаанд? Сарфи назар аз миллату таборашон онҳо сазовори таъзим ва таҳсину офаринанд!!! Хотиррасон мекунам, ки ҳайкали сарбоз таҷассумгари каҳрамониҳои ҷанговарони Шӯравии замони ҷанги дувуми ҷаҳонист ва муборизаи онҳо на ба хотири сарват, балки барои озодии Ватан буд.
Рӯҳашон шод бод!!!

КОВА.







Мавзӯъи ҳайкал. Аввалаш, ин ки ин аскарҳои гумном намояндагони миллатҳои мухталифи собиқ шӯравианд (на ҳамин як русҳо, ки русҳои Эстония рамзӣ тавонанд онҳоро "ҳимоят" кунанд). Аз ҳама асосиаш, онҳо, аслан, на озодибахшон, балки ғосибону истилогарон (албатта, бо фармони Сталин) буданд. Тамоми ҷаҳон медонад, ки соли 1940 чи гуна ин кишварҳои озоду мустақил аз тарафи ИҶШС зӯран истило гардиданд. Пас чӣ гуна мешавад боз ҳайкали ин истилогарон аз тарафи ватандӯстони воқеъӣ таҳаммул шавад? Магар шумо метавонед, масалан, кушандаи падари худро ҳурмат кунед ва боз ҳайкали ӯро дар байни ҳавлиатон гузоред? (Ин мо, тоҷиконем, ки беномӯсона ҳайкалҳои Куйбишеву Путовскию Дзержинскию Ленину Сталинро, ки аз онҳо ин миллати бадбахт танҳо зарар дидааст, дар кишвари худ таҳаммулу тоқат кунем ва боз гоҳе ҳам ба зери пояшон гулдастаҳо гузорем). Эстониҳову латвониҳову литвониҳо қадри худро медонанд. Воқеъан, шовинистҳо ин ҳамон "русскоязычний"-ҳо ҳастанд, ки намехоҳанд қонунҳои кишварҳоеро, ки дар он ба сар мебаранд, қабулу эҳтиром намоянд. На мардуми муқимии Эстония (эстониҳо, финҳо, лаҳистониҳо ва диг). Худи русҳо як мақол доранд: "Со своим уставом в чужой монастирь не ходят". Бори дигар таъкид мекунам, ки ман дар ин маврид танҳо русу русзадаҳои Эстония, Латвия ва Литваро дар назар дорам. Ё ман нодуруст мегӯям?

Мурод Азизов, шаҳри Душанбе.









Барои эстонҳо фарқ миёни фашистону коммунистон нест.Ҳарду ҳам "оккупантанд".Номи ҳайкалро иваз кардан лозим аст,то мардум онро тавонанд қабул кунанд."Воинам освободителям" нею, "борцам против фашизма".
Дуюмаш ин ки, русҳо ҳайкалҳо ва гурҳое, ки дар он аскарони сурх гӯронида шудаанд, вайрон карда, дар ҷои онҳо хонаҳо месозанд, чаро русҳо худ гуркардаҳои худро ҳурмат намекунанду аз дигарон талаб мекунанд, то ҳурматашон кунанд. Ман русҳо, русзабонҳои Эстония ва умуман кишварҳои соҳили Болтикро на фаҳмида метавонам ва на қабул кардан. Нахуст, ин ки ағлаби онҳо намехоҳанд, ки табаъияти кишварҳоеро, ки дар он зиндагӣ мекунанд, қабул кунанд. Дигар ин,ки аслан намехоҳанд, ки забони расмӣ ё давлатии ҳамон кишварро ба дараҷаи зарурӣ омӯзанд (чун аксари кулли русҳо ва ба истилоҳ монанди русзабонҳои Тоҷикистони мо).

Тоҷик


Албатта, сабаб ҳайкалу гунаҳгор Русия аст. Эстония хуҷаини замини худ аст ва куҷо бурдану ба куҷо мондани ҳайкалро онҳо хуб медонанд. Русия мебоист аз пашша фил намесохту бо эстониҳо дар хусуси ин раванд ҳамкорӣ мекард. Агар ин ҳайкал барои Русия ин қадар пурарзиш бошад, ӯ метавонист онро харидорӣ кунад, ва ба куҷое дар замини худ хоҳад, гузорад. Вале Русия инро нахост ва бо хислати кӯҳнаи дар хун доштаи худ хост, ки ин миллати хурдакак ӯро итоат кунад.
Далер


Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизеянд, ё такрориву беш аз андоза дарозанд ва ё бо мақсади таблиғ ирсол шудаанд, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳанд шуд. Лутфан, агар имкон ҳаст, бо ҳуруфи тоҷикии сириллик бинависед, то номаи Шумо зудтар ба нашр расад. Номаҳо бо имзои мустаъор на лузуман қобили нашр хоҳанд буд. Зимнан, ҳеч назаре дар Майдони баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.
XS
SM
MD
LG