Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи ҳамоиши байналмилалӣ дар мавриди Ироқ


ll

Имрӯз, 4 май, дар осоишгоҳи Шарм-уш-Шайхи Миср ҳамоиши байналмилалӣ дар мавриди Ироқ ба кори худ идома медиҳад. Дар ин ҳамоиш намояндагони ҳамсоякишварҳои Ироқ, аз ҷумла Ирону Сурия, мақомоти Созмони Милали Муттаҳид ва ҳамчунин ҳашт кишвари санъатии ҷаҳон ва аъзои Иттиҳодияи Аврупо ширкат доранд.


Барномаи панҷсолаи кумакҳои моливу сиёсӣ ба Ироқ, хотима додан ба хушунатҳои мазҳабӣ дар ин кишвар аз масоили аслии баҳс дар ин ҳамоиши байналмилалӣ аст. Аммо рӯзи гузашта дар ҳамоиш тавваҷуҳи бештар ба мулоқоти вазири умури хориҷаи Амрико Кондолиза Райс, ки кишварашро дар ин ҳамоиш намояндагӣ мекунад, бо вазири умури хориҷаи Сурия Волид ал-Муаллим буд.


Дар ҳамоиш барномаи панҷсола барои эҷоди субот дар Ироқ эълом шуд. Барномаи мавсум ба Муоҳидаи байналмилалии Ироқро Бан Ги Мун, дабири кулли Созмони Милал, дар рӯзи аввали нишаст муаррифӣ карда гуфт: "Имрӯз дар ҳузури 70 намоянда мо муоҳидаи байналмилалии Ироқро расман эълом кардем. Ин нуқтаи авҷи ҷараёни яксолаи омодагиҳо аст". Бан Ги Мун ҳамчунин гуфт, ки кишварҳои ширкаткунандаи конфронс ваъда доданд, ки 30 миллиард доллар қарзҳои Ироқро мебахшанд.


Иҷрои муоҳидаи Ироқ барои панҷ соли оянда аз ҳамин рӯз шурӯъ шуд. Интизор меравад, ки имрӯз дар ҷараёни ҳамоиш роҳҳои поён додан ба хушунатҳо дар Ироқ баррасӣ шавад.
XS
SM
MD
LG