Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Қонуни Асосӣ интихоботи президенти Туркияро бекор кард


Додгоҳи Қонуни Асосии Туркия шоми сешанбеи 1 май натоиҷи даври аввали интихоботи раёсати ин ҷумҳуриро, ки боиси бурузи бӯҳрони сиёсӣ дар кишвар шудааст, бекор кард. Додгоҳ, ба ин тартиб, аз даъвои мухолифин, ки аз аҳзоби дунявӣ дар парлумони Туркия намояндагӣ мекунанд, ҷонибдорӣ кард.

Мухолифин бо ин даъво талош доштанд пеши роҳи Абдуллоҳ Гул, вазири кунунии умури хориҷӣ ва номзади ҳизби ҳокими исломгарои Адолат ва Тавсиъаро ба сӯи курсии раёсати ҷумҳурӣ бубанданд. Мухолифини Туркияи изҳори нигаронӣ мекарданд, ки Абдуллоҳ Гул бо истифода аз ин курсӣ барномаҳои исломисозиро рӯи даст хоҳад гирифт.
Мақомоти низомии Туркия низ таҳдид карда буданд, ки ба хотири дифоъ аз низоми дунявии кишвар ба вазъи пешомада мудохила хоҳанд кард.

Қарори Додгоҳи Қонуни Асосӣ дар бораи лағви даври аввали интихоботи раёсати ҷумҳурии Туркия акнун роҳро барои баргузории интихоботи пешазвақти саросарии парлумонӣ дар ин кишвар боз мекунад.
XS
SM
MD
LG