Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши куштори афроди ғайри низомӣ дар Ироқ


Дар пайи хушунатҳо дар саросари Ироқ имрӯз 25 нафар ҷони худро аз даст доданд. Афроди мусаллаҳ ба ду мошини мусофирбар дар шоҳроҳи самти ҷанубии Бағдод ҳамла бурда, дасти кам 14 нафарро кушта ба ҷо гузоштанд. Полис гуфт, ки ин ҳодисаҳо дар шаҳри Латифияву Искандария рух дод. Дар миёни қурбониҳо занҳову кӯдакон ҳастанд. Шоҳроҳи мазкур Бағдодро бо манотиқи шианишини ин кишвар пайванд медиҳад. Дар ҳамин минтақа бар асари таркиши бомбаи сарироҳӣ имрӯз як нафар ва дар Киркук дар ҳодисаҳои ҷудогона чаҳор нафар ба ҳалокат расиданд.

Дар ҳамин ҳол, ҳукумати Ироқ омори ҳодисаҳои хушунатбори ахирро ба нашр расонид, ки тибқи он гуфта мешавад, моҳи апрел дар ин кишвар 1506 мулкӣ ҷони худро аз даст додаанд. Ин нишондод 20 дарсад бештар аз нишондодҳои моҳи март будааст. Иттилоъи мазкур бар асоси маълумоти вазоратҳои дохила, беҳдошт ва дифоъи Ироқ ҷамъоварӣ шудааст. Амалиёти мубориза алайҳи шӯришиёни таҳти раҳбарии Амрико дар Бағдод натиҷаҳои нисбатан мусбатро ба бор овардааст, аммо дар ҳамин ҳол, ошӯбгарон, ба вижа ҷангиёни Ал Қоида, амалиёти худро бештар дар канораҳои Бағдод суръат бахшидаанд.
XS
SM
MD
LG