Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ниёзи Тоҷикистон ба нерӯи алтернативии барқ


Раисиҷумҳури Тоҷикистон «Хонаи офтобӣ» ном лоиҳаро, ки бар асоси рисолаи дипломии Умед Ҳайдаров, хатмкардаи донишгоҳи техникии Тоҷикистон, таҳия шудааст, барои истеҳсол ва истифодаи минбаъдаи амалӣ пешниҳод кардааст.

Умед Ҳайдаров, ки соле қабл факултаи нерӯгоҳҳои барқии ин донишгоҳро аз рӯи ихтисоси муҳандиси манбаъҳои ғайрианъанавии энержӣ хатм кардааст, барои нахустин бор дар Тоҷикистон дар рисолаи дипломии худ усули осони аз нури офтобу бод тавлиди нерӯи барқро пешниҳод кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоле ки кишварҳои Аврупо ба хотири сарфаи нерӯи барқ ва ҳифзи муҳити зист бештар аз нерӯи офтоб ва дигар захираҳои энержии алтернативӣ истифодаи мекунанд, Тоҷикистони мо низ, ки аслан кишвари офтобӣ ва сербод аст, бо афзоиши талабот ба нерӯи барқ метавонад аз нерӯи офтобу бод низ ба таври фаровон истифода бурда, нерӯи барқи зиёд тавлид кунад. Дар ин робита ӯ мегӯяд: « Дар ҳоле ки захираҳои органикии зеризаминӣ кам шуда истодаанд, дар кишварҳои зиёди дунё ба дарёфти нерӯи барқ аз ин усули истифодаи васеъ мешавад. Мо ҳам дар ин марҳилаи буҳрони иқтисодӣ бояд аз усулҳои алтернативии камхарҷи энержии барқ истифода барем».

Умед чунин шарҳ медиҳад: коллектор як дастгоҳест, ки дар боми биноҳо гузошта мешавад ва бо табдили нури офтоб ба нерӯи барқ обро гарм карда, ба манзилҳо интиқол медиҳад. Тавассути он бо харҷи хеле кам манзилҳоро бо нерӯи барқ ва ҳам оби гарм таъмин кардан мумкин аст. Ба гуфти ӯ, барои насби чунин абзор дар як бинои истиқоматии 4-ошёна беш аз 30 ҳазор доллар зарур аст.

Мелс Иноятов, мудири кафедраи нерӯгоҳҳои барқӣ ва раҳбари илмии Умед Ҳайдаров, мегӯяд, ки онҳо ният доранд бо истифода аз ин усул дар чанд бинои пойтахт чунин коллекторҳоро насб хоҳанд кард. Ӯ афзуд: «Истеҳсоли чунин коллекторҳо аз тарафи вазорати саноату энергетика дар амалисозии истифодда аз манобеъи алтернативии энержӣ хоҳад буд, ва ҷумҳурии мо метавонад ин корро ба роҳ монад».

Мелс Иноятов, устоди донишгоҳи техникӣ, бар ин аст, ки бо амалисозии чунин лоиҳаҳои истифода аз манбаъҳои алтернативии энержӣ хатмкардаҳои донишгоҳ ҳам хубтар бо ҷои кор таъмин хоҳанд гашт. Дар донишгоҳи техникӣ феълан дар баробари муҳандисони нерӯгоҳҳои барқӣ муҳандисони манбаъҳои алтернативии энержӣ низ тарбия карда мешаванд.

Вале, бо вуҷуди онки соли гузашта бахши муҳандиси манбаъҳои ғайрианъанавии энержии донишгоҳро 13 нафар хатм кардаанд, ҳамоно ба иллати набуди ҷои кор аз рӯи ин тахассус аксрияти онҳо бекор монданд.

Ҳарчанд Умед Ҳайдаров ва чанд ҳамсабақи ӯ баъди хатми донишгоҳ феълан дар он кор мекунанд, оё мешавад гуфт, ки масъалаи таъмини кишвар бо нерӯи алтернативии барқ ҳалли худро хоҳад ёфт?
XS
SM
MD
LG