Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухи Афғонистон ба ихроҷи афғонҳо аз Эрон


Афғонистон аз Эрони ҳамсояаш даъват намудааст,ки даст аз ихроҷи даҳҳо ҳазор муҳоҷирони афғони муқими ин кишвар бардорад. Кобул мегӯяд, ки феълан омода нест ҳама шароити зисти паноҳандагонро фароҳам оварад.



Сухангӯи вазорати хориҷаи Афғонистон Султон Аҳмад Баҳин гуфт, Кобул умедвор аст, ки Теҳрон аз ирсоли паноҳандагони афғон дар гурӯҳҳои миқдорашон зиёд худдорӣ хоҳад кард. Мақомоти СММ гуфтанд, ки шурӯъ аз 21 апрел аз хоки Эрон ба Афғонистон 25 ҳазор афғон фиристода шудаанд.
XS
SM
MD
LG