Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саркози: "Агар ман президент шавам, аз Афғонистон берун мебароем"


Николя Саркози, номзади интихоботи раёсатҷумҳурии Фаронса гуфт, ки дар сурати интихоб шудани вай ба ин мансаб нирӯҳои фаронсавӣ аз Афғонистон берун кашида хоҳанд шуд.


Саркозӣ дар як мусоҳибаи телевизионӣ гуфт, ки тасмими ҳузури дарозмуддати нирӯҳои фаронсавӣ дар Афғонистон як амали созанда нест.


Феълан, ҳудудан 1100 нирӯи фароснавӣ таҳти раҳбарии НАТО дар Афғонистон хизмат мекунанд.


Дар таърихи 6 май Николя Саркозӣ, ки аз ҳизби ҳокими муҳифизакор намояндагӣ мекунад, бо номзад аз ҳизби сотсиалист Сеголен Роаял вориди рақобат хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG