Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои як бӯса ба маҳбас?


Бӯсаи Ричард Гир ҳиндуҳоро ба ғазаб овардааст

Додгоҳе дар Ҳиндустон амри боздошти ҳунарпешаи амрикоӣ Ричард Гирро ба имзо расонид.

Гуноҳи Гир дар ин аст, ки вай дар мазҳари ом ҳунарманди маъруфи маҳаллӣ Шилпо Шаттиро бӯса кардааст. Ин ҳодиса дар аввалҳои ҳамин моҳ рӯй дод.

Ҳунармандон дар як маросиме оид ба мубориза зидди СПИД иштирок мекарданд ва Ричард Гири 57-сола Шилпо Шаттии 31-соларо дар баробарии чашми ҳама бӯса кард.

Додгоҳ ин амали ҳунарпешаи амрикоиро ғайриахлоқӣ хондааст. Баъди ин ҳодиса мардуми зиёд тазоҳурот карда буданд ва баъд худи хонум Шаттӣ узр хост, ки ин ҷо сӯитафоҳуми фарҳангӣ роҳ ёфтааст.
XS
SM
MD
LG