Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои вижаи олимпӣ барои наврасон


r

Кумитаи байналмилалии Олимпӣ гуфт, ки аз соли 2010 сар карда барои ҷавонони 14 то 18-сола бозиҳои вижаи Олимпиро баргузор хоҳад кард.


Дар як изҳороте, ки баъди нишасти раҳбарияти иҷроияи ин кумита дар Пекини Чин ба нашр шуд, гуфта мешавад, ки бо ин роҳ наврасони 14-18-сола ба варзиш бештар ташвиқ хоҳанд шуд.


Тибқи пешбиниҳои ин Кумита, дар бозиҳои зимистонаи ҷавонон ҳудудан як ҳазор варзишкор ва дар рақобатҳои тобистона се ҳазор ҷавон ширкат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG