Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тирандозон"-и қирғиз дар Сеул "роҳгум" заданд


Мақомоти муҳоҷирати Кореяи Ҷанубӣ як зани қирғизро боздошт намуда дар пайи пайдо кардани 18 нафари дигар ҳастанд, ки зери унвони тими миллии тирандозони Қирғизистон вориди Сеул шуда дар як он нопадид шуданд.

Гурӯҳи мазкур иддао кардааст, ки тими миллии тирандозони Қирғизистон буда барои ширкат дар мусобиқоти Федератсияи байналмилалии тирандозӣ вориди Кореяи Ҷанубӣ шуд ва аммо баробари расидан ба ин кишвар нопадид гардид.

Раиси консулгарии Қирғизистон дар Кореяи Ҷанубӣ Миродил Эшалиев дар сӯҳбат бо бахши қирғизии радиои Озодӣ дар ин замина гуфт, ки нопадидшавии ин гурӯҳ ба обрӯи кишвар зарба мезанад.

"Ин барои нахустин бор нест, ки варзишгарони мо нопадид мешаванд ва ҳодисаи мазкур ба обрӯи кишвар ва равобити дуҷонибаи мо зарба мезанад. Онҳо иддао карданд, ки дар мусобиқоти тирандозӣ иштирок мекунанд, аммо баъди расидан нопадид шуданд. Аксари онҳо вонамуд мекунанд, ки узви тими варзишӣ ҳастанд. Онҳо мехоҳанд дар ин ҷо ба таври ғайриқонунӣ бимонанд"

Мақомоти Кореяи Ҷанубӣ гуфтанд, вақте раҳбарияти риштаи варзиши Қирғизистон ба онҳо гуфт, ки бо варзишкорони эҳтимолӣ ҳеҷ робита надоранд, ҳайратзада шуданд.
XS
SM
MD
LG