Дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Андрей Рапопорт, мудири ширкати РАО ЕЭСи Русия ҷараёни иҷрои корҳо дар ниругоҳи барқи обии Сангтудаи 1, ки аз ҷониби РАО ЕЭС дар ҳоли эҳдос аст ва ба кор андохтани нахустин агрегати ин ниругоҳ дар охири соли ҷорӣ баррасӣ шудааст.
Дар ин дидор ҳамчунин имкони иштироки РАО ЕЭС дар барномаҳои дигари саромягузорӣ дар бахши энержӣ матраҳ шудааст. Оғои Рапопорт гуфт, ширкаташ ҳамеша барои ҳамкорӣ дар сохтмони Роғун манфиатдор буда ва ҳаст. Вале, гуфт ӯ, то ин ки созишномаи миёни Тоҷикистон ва Русал дар мавриди Роғун ба қувваи қонунии худ боқӣ аст, дар масъалаи Роғун мудохила нахоҳанд кард. Ҷаноби Рапопорт гуфт, медонад, ки ба андешаи ҷониби Тоҷикистон, идомаи ҳамкорӣ бо РусАл дар тарҳи Роғун эҳтимолан имкони худро гум кардааст.
Ӯ гуфт, аммо агар мақомоти сиёсӣ дар бораи сохтани Роғун тасмим бигиранд, мавқеъҳои худро мушаххас кунанд, онҳо омодаи ҳамкорӣ ҳастанд. Ӯ ҳамчунин гуфт, президенти Тоҷикистон ба ӯ гуфтааст, ки асноди лозим барои эълони тендер ҷиҳати идомаи сохтмони Роғун дар ҳоли таҳия аст ва як тендери байналмилалӣ ба ин манзур эълон хоҳад шуд.