Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯъи баррасии даъвои Вазорати адлия аз рӯи ҲСДТ дар Додгоҳи олӣ


fr

Додгоҳи oлии Тоҷикистон баррасии даъвои Вазорати адлияи кишварро алайҳи Ҳизби кишоварзии Тоҷикистон, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ва Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон шурӯъ кард. Вазорати адлияи Тоҷикистон ба иллати нақзи муқаррароти қонуни фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ин ҳизбҳоро ба додгоҳ кашида, хостори муҷозоти онҳо шуда буд.


Тоҳир Қодиров, додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон, ки масъули муҳокимаи ин қазия аст, изҳор дошт, ки дар оғози марҳалаи ошноӣ бо аснод намояндаи Вазорати адлия аз даъвои худ алайҳи ҳизбҳои кишоварзӣ ва иқтисодӣ даст кашидааст. Вале, дар ҳамин ҳол, вазорат рӯи иддаояш алайҳи Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон таъкид кардааст.


Дар ҳамин маврид, Раҳматулло Зоиров, раиси ҲСДТ, баъд аз шиносоӣ бо маводи пешниҳодии Вазорати адлия ба Додгоҳи олӣ ҳама иттиҳомоти эъломкардаи ин вазоратро алайҳи ҲСДТ бепоя арзёбӣ кардааст. Оқои Зоиров бо ишора ба пас гирифтани даъвои Вазорати адлия алайҳи ду ҳизби дигар ишора кард, ки ҳадафи ба додгоҳ кашидани ҲСДТ ҷилавгирӣ аз фаъолиятҳои муассири сотсиал-демократҳост, ки дар вақтҳои ахир густариши бештар пайдо кардааст.


Вале Давлат Сулаймонов, сардори идораи сабти номи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва аҳзоби сиёсии Вазорати адлияи Тоҷикистон, ба дурустии даъвояш таъкид карда гуфт, қазияро бо раиси ҲСДТ дар додгоҳ баррасӣ хоҳад кард. Вазорати адлияи Тоҷикистон дар номаи шикоятии худ аз Додгоҳи Олии Тоҷикистон тақозо кардааст, ки фаъолияти ҲСДТ-ро барои ба муддати шаш моҳ мутаваққиф кунад. Дар ҳамин ҳол, раиси ҲСДТ эҳтимоли баста шудани фаъолияти ҳизбашро баъид намедонад. Аммо, таъкид мекунад ӯ, ҳеҷ асос ё далоили ҳуқуқие, ки бар тибқи онҳо фаъолияти ҳизб мутаваққиф ё мамнӯъ эълом шавад, вуҷуд надорад. Ин ҳам дар ҳолест, ки замони мурофиаи додгоҳии ин қазия сешанбеи 24-уми апрел таъйин шудааст.
Абдулқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG