Порлумони иборат аз аксар мухолифони раиси ҷумҳурии Руминия бо иттиҳоми поймолкунии Қонуни асосии кишвар ваколатҳои Траян Басескуро муваққатан боздошт. Богдан Олтеану, раиси палатаи поёнии парлумони ин кишвар гуфт, ки дар пайи баҳсу баррасиҳои бисёр гарми вакилони маҷлис, аксарият барои мутаваққифшавии ваколатҳои президент раъй доданд:
"322 нафар барои боздошта шудани ваколатҳои раиси ҷумҳур раъй доданд, дар ҳоле ки барои қабул шудани чунин пешниҳод танҳо раъйи 233 нафар кофӣ буд. 108 нафар мухолиф буд ва 10 нафар аз раъдиҳӣ худдорӣ карданд"
22 вакил имрӯз дар нишасти муштараки ҳар ду палатаи парлумон аслан ҳозир нашуданд. Чунин тасмими парлумон роҳро барои раъйдиҳии саросарӣ дар масъалаи импичмент ва ё адами эътимод ба раиси ҷумҳуриро дар тӯли 30 рӯзи оянда боз мекунад. Пешниҳоди боздошта шудани ваколатҳои раиси ҷумҳурро нирӯҳои мухолифини сотсиал-демократ, ки чун коммунистҳои собиқ шинохта мешаванд, карда буданд. Мирче Ҷоана, раиси ҳизби сотсиал-демократи Руминия баъди раъдиҳӣ гуфт, ки раиси ҷумҳурӣ барои нақзи Қонуни Асосӣ муҷозот шуд.
"Ҷаноби Басеску аз ҷониби парлумон ҳушдори хеле ҷиддӣ дода шуд. Ҳеҷ кас, новобаста ба кӣ буданаш, ҳақ надорад бо Конститутсияи Руминия бозӣ кунад"
Ин дар ҳолест, ки додгоҳи конститутсионии кишвар гуфт, иттиҳомоти алайҳи раиси ҷумҳур Басеску оид ба таҳрики бесуботии сиёсӣ ва фишор болои низоми додгустарӣ бидуни появу асос аст. Ҳукми рӯзи чоршанбеи додгоҳ ҳизби сотсиал-демократро водор ба он кард, ки Басескуро дар таҳдид ба қозиҳо ба хотири сафед шудани ӯ муттаҳам шавад. Чунин таҳаввулот бӯҳрони сиёсии ин кишвари узви Иттиҳоди Аврупоро боз ҳам амиқтар мекунад.
Моҳҳои охир Басеску дар маркази низоъҳои миёни ду нирӯ - пуштибонони собиқ ҳизби марказгарои либерали ӯ ва мухолифони собиқ коммунисташ қарор дошт. Нахуствазири кишвар Калин Папеску Таричеану, ки аз ҳизби либерал аст, моҳи март ҳама вазирони аъзои ҳизби марказгарои демократиро аз кор озод кард ва ҳукумати орӣ аз пуштибонии аксариятро таъсис дод, ки аз ҳисоби намоягндагони ҳизби маҷориҳо ташкил шудааст. Гузоришҳои аз Бухарест расида ҳокӣ аз онанд, ки тарафдорони Басеску барои ширкат дар як ҳамоиши эътирозӣ дар робита бо боздошташавии ваколатҳои раиси ҷумҳурӣ дар маркази шаҳр гирди ҳам меоянд.