Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба дарс бо суруди миллӣ


Вазорати маорифи Тоҷикистон мегуяд, мехоҳад то дарсҳо дар макотиби олии ин кишвар бо иҷрои суруди миллӣ оғоз шаванд. Фарҳод Раҳимов, муовини аввали вазири маориф гуфтааст, барои иҷрои ин дастур раисони донишгоҳҳо муваззаф шудаанд. Ба ҷуз ин, ба гуфтаи оқои Раҳимов, ҳоли ҳозир вазорати маориф санади расмиеро оид ба танзими сарулибос барои донишҷӯдухтарон омода мекунад, ки мутобиқи он дигар пӯшидани ҳиҷоб ва либосҳои доманкӯтоҳ манъ мешавад. Вале афзуд муовини вазир, пӯшидани либосҳои миллӣ ва аврупоии хоксорона барои донишҷӯдухтарон иҷоза дода хоҳад шуд. Вазорати маориф пештар ҳушдор дода буд, ки муҳассилине, ки аз иҷрои ин қарор сарпечӣ мекунанд, аз донишгоҳҳо хориҷ карда мешаванд.
XS
SM
MD
LG