Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар рейтинги FIFA 18 зина поин шуд


Тоҷикистон дар рейтинги моҳи апрел 18 зина поинтар - ба ҷойи 145-ум фуромад. Ва миёни 45 кишвари Осиё дар мақоми 25-ум ва байни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Узбакистон (60-ум) ва Қазоқистон (116-ум) ҷойгир шуда, аз Қирғизистон (151-ум), Туркманистон (163-юм) ва Афғонистон (190-ум) пеш аст.

Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии тими миллии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт: «Тӯли як сол аст, ки дастаи мунтахаби кишвар ягон бозӣ анҷом надодааст. Ва мо ба нақша гирифтаем, ки имсол се бозии дӯстона бо тимҳои хориҷӣ анҷом бидиҳем.»

Эрон, ки беҳтарин тими миллии қораи Осиё маҳсуб мешавад, ҳашт зина поинтар - ба ҷойи 42-юм фуромад. Тоҷикистон миёни 15 кишвари собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷойи сездаҳум қарор гирифтааст. Укроин миёни кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аввал аст ва дар рейтинги нави FIFA мавқеашро дар зинаи 11-ум нигаҳ доштааст. Русия ҳафт зина болотар - ба зинаи 16-ум баромад.

Итолиё - қаҳрамони феълии футболи ҷаҳон миёни 207 кишвари аъзои FIFA ба зинаи аввал баромад. Аргентина ба зинаи дувум фуромад. Бразил дар мақоми севвум қарор гирифтааст. Ҳамчунин миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон Фаронса, Олмон, Ҳолланд, Португол, Инглистон, Испаниё ва Ҷумҳурии Чех ҷойгир шудаанд.


Варзишгарони тоҷик Амин Ҷаъфаров ва Фарҳод Мадалиев дар мусобиқоти қаҳрамонии Авруосиё дар риштаи ҷанги тан ба тан байни ҷавонони 16 - 18 - сола дар шаҳри Кисловодски Русия ду медали нуқра ба даст оварданд.

Амин Ҷаъфаров дар рақобатҳои инфиродӣ дар вазни зери 80 кило ва Фарҳод Мадалиев дар вазни зери 70 кило бар рақибони худ пирӯз шуда, ба сабқати ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Вале ҳарду дар рақобатҳои ҳалкунанда аз мизбонон мағлуб гашта, ҷавоизи дувумро соҳиб шуданд.
XS
SM
MD
LG