Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Олӣ: "Шумораи парвандаҳои шаҳрвандӣ афзоиш ёфтааст"


Мақомоти додгоҳи Олии Тоҷикистон мегӯянд, дар се моҳи соли равон шумори парвандаҳои шаҳрвандӣ дар додгоҳҳо афзоиш ёфтааст. Нусратулло Абдуллоев, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон зимни сӯҳбат ба хабарнигорон гуфт, бештари ин парвандаҳо ба масоили хариду фурӯши манзил вобаста мебошад. Ба гуфтаи Нусратулло Абдуллоев, як иллати афзоиши шумораи парвандаҳои шаҳрвандӣ ва муроҷиъати мардум барои лағви қарордодҳои хариду фурӯши хона - афзоиши қимати манозили истиқоматӣ мебошад.


Аммо ба назари ҳуқуқдонҳо ва коршиносон афзоиши шикоятҳои шаҳрвандӣ вобаста ба густариши муносибатҳои бозорӣ сабабҳои дигаре низ дорад. Абдуқаюм Юсуфов, ҳуқуқдони тоҷик мегӯяд, сабаби аслии афзоиши чунин парвандаҳо ва шикоят ба додгоҳ ноогоҳии мардум аз қавонин ва сатҳи пасти донишҳои ҳуқуқии онҳост.


Ба гуфтаи мақомоти Додгоҳи олии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби ислоҳоти низоми додгоҳӣ ва ба манзури мутобиқсозии қавонин ба меъёрҳои ҳуқуқи байналмилал дар чандин маврид ислоҳи қонуни ҷиноӣ пешниҳод шудааст. Дар сурати тасвиби ин тарҳ шахс ҳаққи додани баёнот ба муқобили худ, наздиконаш ва ҳамсарашро нахоҳад дошт.
Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG