Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон хостори тағйири ваколати САҲА дар ин кишвар шуд


Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хостори тағйир додани ваколати Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар ин кишвар шудааст. Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон дар як нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ваколати маркази САҲА дар Тоҷикистон кӯҳна шудааст.


Оқои Зарифӣ гуфт, ваколати ин Марказ бояд бо таваҷҷӯҳ ба дурнамо ва барномаҳои иқтисодии Тоҷикистон таҷдиди назар шавад. Зеро дар ҳоли ҳозир ҳукумати Тоҷикистон иҷрои тарҳҳои иқтисодии худро дар ҷойи аввал гузоштааст. Ӯ гуфт, САҲА созмони мост. Мо узви комилҳуқуқи ин созмон ҳастем. Табиист, мо ҳақ дорем, аз Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо тақозо кунем, ки низ хатти машйашро ба суди лоиҳаҳои иқтисодии мо тағйир диҳад.


Дар ҳамин ҳол, Маркази САҲА дар Душанбе таъйид кард, ки пешниҳодоти давлати Тоҷикистон ба қароргоҳи ин созмон расидааст.


Тоҷикистон аз соли 1993 узви САҲА мебошад. Соли 2003 намояндагии ин созмони байналмилалӣ расман ба Маркази САҲА дар Тоҷикистон табдили ном карда, дар ҳоли ҳозир дар панҷ минтақаи кишвар намояндагиҳои он фаъолият мекунанд.
Фарҳоди Милод, Душанбе
XS
SM
MD
LG