Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натоиҷи мусобиқоти каратэ - кёкушинкай


Дар ин мусобиқот 160 варзишгар дар ҳайати 13 даста аз вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру навоҳии тобеи марказ ва пойтахти кишвар ширкат варзиданд.

Дар рақобатҳои инфиродӣ дар вазнҳои худ аъзои дастаи «Тоҷиктелеком» - бародарон Парвиз, Фирӯз ва Аскар Кароматовҳо, Меъроҷ Ҳакимов, Комил Олимов, Азиз Мирзоев ва Муҳсин Наимбоев мақоми аввалро касб карданд. Ду нафар намояндаи Ташкилоти мадагори мудофиаи Тоҷикистон - Алишер Раҳматуллоев ва Сироҷ Кароматов, ду варзишгари тими Душанбе - Ҷамолиддин Солиев ва Саидаҳмад Олимов ва Исмоил Назаров аз Кӯлоб низ дар вазнҳои худ соҳиби унвони қаҳрамонӣ гардиданд.

Хабари дигар. Дастаи мунтахаби тенниси рӯи мизи Тоҷикистон дар мусобиқоти байнулмилалӣ барои дарёфти ҷоизаи қаҳрамони ҷаҳон байни наврасон Сайёра Қодирова дар шаҳри Чусти Узбакистон дар байни дастаҳо мақоми аввалро сазовор гардид.

Теннисбозони ҷавони тоҷик, ҳамчунин, дар мусобиқот дар шаҳри Фарғонаи Узбакистон ширкат карда, дар рақобатҳои инфиродӣ ду медал ба даст оварданд. Инъом Саидов бо медали тилло ва Хайём Исмоилзода бо медали нуқра сарфароз гардиданд.

Ва хабари охирин. Севумин давраи Лигаи баскетболи Тоҷикистон бо ширкати чаҳор дастаи шаҳри Душанбе ва тими «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода шурӯъ шуд.

Ду бозии аввал бо чунин натоиҷ хотима ёфт: «Феникс» - «Регар» ТадАЗ - 70 - 50, «Фаэтон» - «ВИД» - 45 - 54.

Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG