Ғуломризо Оқозода мудири созмони инержии атомии Эрон гуфтааст чаҳор соли дигар лозим аст,то ин кишвар чархаи сӯхти ҳастаии худро такмил кунад. Ғуломризо Оқозода дар сӯҳбат бо хабаргузории ИСНА таъкид кард, ки барои насби 50 ҳазор чархаи сентрифугӣ дар таъсисоти ҳастаии Натанз, воқеъ дар маркази Эрон аз ду то чаҳор соли дигар зарур аст.
Ҳафтаи гузашта Эрон эълом дошт, ки бо ғанисозии ураниум қодир ба тавлиди сӯхти ҳастаӣ дар миқёси санъатӣ шудааст. Мақомоти эронӣ гуфтаанд, ки то кунун дар таъсисоти ҳастаии Натанз се ҳазор сентрифуга барои ғанисозии ураниум насб шудааст.