Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кобул дигар гаравгононро иваз намекунад


Рангин Додфар Спанто-вазири умури хориҷаи Афғонистон мегуяд, агар мақомоти давлатӣ дар Кобул ба радду бадали гаравгонон бо зиндониёни Толибон идома диҳанд, он ба як сектори санъатӣ табдил меёбад:


"Мо бояд кушиш бикунем, ки аз гаравгонгирӣ ба унвони як сектури санъатии муборизаи терроистон бо низоми машруъ ва қонунии Афғонистон ҷилавгирӣ бикунем. Шумо агар як бор, ду бор ё бештар ба ин қазия тан додед, он ба як сектур табдид мешавад".


Аз моҳи марти соли ҷорӣ, аз замоне, ки ҳукумати Афғонистон панҷ зиндонии Толибонро дар ивази Даниэл Мастроҷакомо-рузноманигори рабудашудаи итолёӣ озод кард, ин ҳукумат аз суи маҳофили байналмилалӣ мавриди интиқод қарор гирифт. Дар ин радду бадал ҳукумати Афғонистон панҷ зиндонии Толибонро раҳо кард, ки дар миёни онҳо се фармондеҳи аршади Толибон низ буданд. Аммо ҳукумати Кобул барои озодии тарҷумони афғонитабори ин рузноманигори итлоёӣ аз озодии ду зиндонии дигари Толибон саркашӣ кард ва Толибон ин тарҷумонро сар буриданд. Баътар одамрубоён ронандаи онҳоро низ, ки шаҳрванди Афғонистон буд, ба дор кашиданд.

Баъд аз ин пешомадҳо ҳоло бисёре аз афғонҳо Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳурро муттаҳам мекунанд, ки вай ҳаёти хориҷиёнро аз ҳаёти афғонон болотар мегузорад. Таҳлилгарони мустақили умури амниятӣ мегуянд, чунин заду бандҳо барои радду бадали зиндониён бо рабудашудагон одамрубоёнро ташвиқ кардааст.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Олмон, Бритонё ва Ҳулланд ҳама доду гирифти гаравгонон бо зиндониёни Толибонро интиқод карданд. Онҳо гуфтанд, ки чунин доду гирифт одамрубоёнро дилгарм кардааст ва ҳаёти сарбозони НАТО дар Афғонистонро бештар зери хатар бурдааст. Баъзе аз мақомоти расмии НАТО дар бораи нақши ҳукумати Итолё дар муъомилаи раҳоии рузноманигор ба манобеъи зидахл гузорише фиристоданд ва дар он аз кишварҳои узви паймони НАТО хостанд, ки чунин муъомила бо одамрубоён мамнуъ эълон шудааст.

Аз суи дигар, нигарониҳо аз сарнавишти ду корманди имдодрасонии фаронсавӣ ва се ҳамкори афғонии онҳо дар ҳоли афзоиш аст. Толибон онҳоро 3-юми апрел рабуда буданд, Ин панҷ нафар кормандони созмони ғайридавлатии мавсум ба "Ҷаҳон барои кудакони мо" мебошанд. Рангин Додфар Спанто-вазири умури хориҷаи Афғонистон мегуяд, Кобул то ҳол ҳамаи роҳҳои мумкин ва ғайримумкинро меҷуяд, то кормандони имдодрасонии фаронсавӣ ва афғонӣ озод шаванд:


"Давлати ҷумҳурии Афғонистон дар чаҳорчуби имконоти қонунӣ ва машруъ тамоми талошҳои лозимро, таъкид мекунам, тамоми талошҳои лозим ва қобили қабулро анҷом хоҳад дод, то гаравгонон озод шаванд."

Сухангуи Толибон, ки худро Юсуф Аҳмадӣ ном бурдааст, мегуяд, пешниҳод ба шурои раҳбарии Толибон фиристода шудааст ва дар бораи сарнавишти баъдии гаравгонони фаронсавӣ ва афғонӣ раҳбарияти Толибон тасмим мегирад.

Дар охири ҳафтаи гузашта Толибон навори кутоҳ ва сиёҳ-сафеди видюии гаравгонони фаронсавиро мунташир сохтанд. Дар навор марде худро Эрик ном мебарад, дар ҳоле, ки хонуме худро Селин муъаррефӣ мекунад:


"Номи ман Селин. Ман фаронсавиам. Барои барои созмони ғайридавлатии фаронсавӣ кор мекунам, ки "Ҷаҳон барои кудакони мо" ном дорад. Манро рабуданд ва ҳоло ман бо Эрик, Ҳошим ва Ҳазрату Расул дар дасти Толибонем".

Дар навори видюӣ ин зани фаронсавӣ ҳангоме, ки дар бораи таҳдиди Толибон суҳбат мекунад, беихтиёр гиряро сар медиҳад ва ашконаш мерезанд:


"Ман аз давлати Фаронса, аз раиси ҷумҳури Фаронса, аз нахуствазир ва порламон хоҳиш мекунам, ки барои озодии ман, Эрик ва афғононе, ки бо мо ҳастанд, кумак кунанд. Илтимос, ҳар чӣ ки онҳо мегуянд, иҷро кунед. Дархости онҳоро иҷро кунед, чунки онҳо гуфтаанд, ки моро мекушанд, сари моро аз тан ҷудо мекунанд ва ба Фаронса мефиристанд. Илтимос, ҳар чӣ метавонед, бикунед. Ба мо ёрӣ расонед".


Даъвати вазири хориҷаи Афғонистон аз ҳар гуна муъомила бо одамрубоён замоне садо дод, ки муҳлат ё зарбулаҷали пешниҳодкардаи Толибон 15-уми апрел ба поён расид. Толибон гуфтаанд, агар ҳукумат то 15-уми апрел музокира дар бораи озодии ин панҷ гаравгонро оғоз накунад, онҳо як корманди афғониро, ки табиб аст, хоҳанд кушт. Сухангуи Толибон гуфтааст, ин табиб аз хешовандони наздики волии Нангарҳори Афғонистон аст.

(Баргардони Нурмуҳаммади Холзода)
XS
SM
MD
LG