Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Амонатбонк" амонатҳоро бармегардонад?


Ҳукумати Тоҷикистон барои ҷуброни маблағҳои сокинони кишвар, ки дар ибтидои солҳои навадуми қарни гузашта беқурб ва дар бонкҳои кишвар то ба ҳол маҳфуз мондаанд, барномае таҳия накардааст.


Маҳмадамин Маҳмадаминов, раиси бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон мавсум ба «Амонатбонк» гуфт, таҳияи ин барнома ба далели ноамнии солҳои навадум ва поён рафтани сатҳи иқтисоди кишвар ба таъхир афтодааст. Ӯ гуфт, ки ҳукумат дар фикри ин масъала ҳаст ва аммо барои он ки ин масъала ҳал шавад, кори зиёде бурдан зарур аст.


Тибқи иттилооти расмӣ, ҳудуди як миллион сокини Тоҷикистон баробари беқурбшавии рубли Шӯравӣ дар соли 1991 аз миллионҳо рубл пасандози худ маҳрум мондаанд. Раванди беқурбшавии рубли Шӯравӣ ҳамчунин хисоротеро ба сокинони кишварҳои дигари собиқ Шӯравӣ ва лагери сотсиалистӣ, минҷумла собиқ Ҷумҳурии Демократии Олмон, Полша, Чехословакия ва дигарон ворид сохтааст. Дар миёни кишварҳои собиқ Шӯравӣ дар айни замон Русия ва Қирғизистон ба пардохтани ин маболиғ шурӯъ кардаанд.


Маҳмадамин Маҳмадаминов, раиси «Амонатбонк» гуфт, маболиғи мардум баъди рушд ва ба низом даромадани иқтисоди кишвар пардохта хоҳанд шуд. «Амонатбонк» вориси собиқ Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон мебошад ва дар замони Шӯравӣ ягона бонки нигаҳдории пасандозҳои сокинони кишвар маҳсуб мегардид. Дар таҷрибаи давлатдории Шӯравӣ соли 1948 беқурбшавии вомбаргҳои мардум рух додааст, ки дар соли 1986 бо иловаи фоизи онҳо аз сӯи давлат пардохт шудаанд.
Фарҳоди Милод, Душанбе
XS
SM
MD
LG