Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рангин Спанто: дар заминаи гаравгонгирӣ дигар муомила нахоҳем кард


Давлати Афғонистон гуфт тасмим гирифтааст дигар бо гурӯҳи Толибон барои раҳоии ҳеҷ гаравгоне муомила нахоҳад кард. Ин дар ҳолест,ки чанде пеш пайкорҷӯёни Толибон ду ҳамроҳи хабарнигори раҳошудаи Итолиёро ба қатл расониданд.
Вазири умури хориҷаи Афғонистон Рангин Додфар Спанто рӯзи якшанбе гуфт муомила дар заминаи гаравгонгирӣ ба як пешаи тундравон табдил меёбад. Оқои Рангин Додфар Спанто ваъда дод, ки тамоми кори мумкинро хоҳад кард, то ду маъмури имдодии фаронсавӣ ва се ҳамроҳи афғони онҳо аз асорат раҳо гарданд. Ин панҷ нафар, ки дар асорати Толибон ба сар мебаранд, ду ҳафта пеш дар ҷанубу ғарби Афғонистон дар вилояти Нимруз рабуда шудаанд.
XS
SM
MD
LG