Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯъи ҳамоиши фарҳангӣ дар Душанбе


Бино ба иттилоъи вазорати фарҳангии Тоҷикистон дар Душанбе ҳамоиши баррасии осори таърихии Осиёи марказӣ ва Чин шурӯъ ба кор менамояд. Музаффар Азимов намояндаи вазорати фарҳанги Тоҷикистон гуфт ин ҳамоиш панҷ рӯз идома меёбад ва дар ҷараёни он қарор аст муҷассамаҳои арзишманди фарҳангию таърихӣ барои ворид кардан ба осори таърихии Осиёи марказӣ интихоб шаванд. Вай афзуд Тоҷикистон барои баррасӣ ҳашт ёдгории меъморӣ ба шумули шаҳраки Панҷакенти Қадима, Бунҷикати Бостон, шаҳраки Ҳулбук, Тахти Сангин, Қалъаи Ҳисорро пешниҳод сохтааст.Намояндагони Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон, Чин ва коршиносони байналмилалӣ ба намояндагӣ аз ЮНЕСКО - муассисаи илм ва фарҳанги СММ барои ширкат ба ин ҳамоиш даъват шудаанд.

Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG