Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Березовский изҳороти пешини худро ташреҳ кард


Борис Березовский - сиёсатмадори фирории рус бархе аз гуфтаҳои худ дар мусоҳиба бо нашрияи "Гардиан" чопи Лондонро ташреҳ кард. Дар сӯҳбати вижа бо Родиёи Озодӣ ӯ, аз ҷумла, изҳор намуд, ки "дар Русия имкони аз тариқи интихоботи демократӣ тағйир додани ҳукумат мавҷуд нест". Аз ин рӯ, ба гуфтаи Борис Березовский, "бояд аз неру кор гирифта шавад". Сиёсатмадори фирорӣ ба ҳайси намунаи истифодаи неру ва аз роҳи зурӣ ба даст овардани қудрат ба инқилобҳо дар Укроин ва Гурҷистон ишора кард:

Он чӣ дар Укроин ба вуқӯъ пайваст, он чӣ дар Гурҷистон ба вуқӯъ пайваст, ин, аз нигоҳи ман, намунаи аз роҳи зӯрӣ соҳиб шудани қудрат аст - вақте ки хиёбон, вақте ки майдон ба ҳукумат фишор меовард, аз тариқи нерӯ фишор меовард, то режим тағйир ёбад.

Борис Березовский, ки дар Бритониё мақоми паноҳандаи сиёсиро соҳиб шудааст, дар мусоҳиба бо "Гардиан" гуфта буд, ки "истифодаи неру барои тағйири режими Русия зарур аст, зеро қабл аз ҳама ин режим ғайриконститутсионист. Ин маънои онро дорад, ки ман ба истифодаи неру ба хотири бозгашт ба ҳукмронии конститусионӣ даъват мекунам".
Баъди нашри ин мусоҳиба Додситонии кулли Русия алайҳи Борис Березовский аз рӯи моддаи "ғасби ҳукумат аз тариқи зӯроварӣ" парвандаи ҷиноӣ боз кард. Ҳамзамон Додситонӣ ӯро дар яғмои 214 миллион рубли ширкати Аэрофлот муттаҳам намуд. Маскав бори дигар аз Лондон хостори истирдоди Борис Березовский ба Русия шуд.
Маргарет Беккет - вазири хориҷаи Бритониё рӯзи шанбе ба хабарнигорон гуфт, ки мақомоти кишвар изҳороти Березовский дар "Гардиан"-ро мавриди пажуҳиш қарор додаанд.
XS
SM
MD
LG