Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро минтақаи амни Ироқ ноамн шуд?


Бахши хабар Таркиши интиҳории рӯзи панҷшанбе дар сохтмони парлумони Ироқ, воқеъ дар минтақаи сабзи Бағдод, ба гуфтаи нирӯҳои Амрико, як ироқиро кушта ва 22 нафари дигарро захмӣ бар ҷо гузошт. Пештар дар бораи ҳалокати шумори мардум дар ин ҳодиса гузоришҳо мерасид

Вале дар моварои оморҳои зиддунақиз дар мавриди шумори қурбониҳо як суоли умда ин аст, ки чунин ҳамла чигуна метавонист дар минтақаи сабзи Бағдод, ки ба гуфтаи хабарнигорони радиои Ироқи Озод, тавасссути 5 хатти амниятии шомили нирӯҳои амрикоиву ироқӣ ва ҳатто гурҷӣ ҳифозат мешавад, сурат бигирад? Таркиш дар сохтмони парлумон комилан ғайричашмдошт буд. Аз ҷумла барои Имом Ҷалолиддини Сағир, намояндаи шиъаҳо дар парлумон, ки дар лаҳзаи инфиҷор ба телевизиони Ал-Ҳурро мусоҳиба медод.




Наҳви иҷрои ҳамла ба сохтмони парлумон аз соъир ҳамалоте, ки ҳар рӯз дар ин ё он гӯшаи дигари Ироқ мушоҳида мешавад, фарқ намекард. Вале минтақаи сабзи Бағдод ба маҳзи мизони хеле баланди амнияташ камтар ҳадафи ҳамалот қарор мегирифт. Ин таркиш бузургтарин ҳамлаи иттифоқуфтода дар минтақаи сабз дар дувуним соли охир хонда мешавад. Моҳи октябри соли 2004 як ҳамлаи интиҳорӣ дар ин минтақа мунҷар ба ҳалокати 6 нафар шуда буд.

Маҳмуди Машҳадонӣ, раиси парлумони Ироқ рӯзи ҷумъа дар иҷлосияи вижаи парлумон гуфт, ҳамлаи ахир ҳокист, ки касе дар Ироқ - чӣ мардуми одӣ ва чӣ ҳатто аъзои парлумонаш - аз хатари ҳамлаи ҷангиён эмин нест: " Таркиш собит кард, ки ҳам вакилон ва ҳам мардуме, ки онҳоро интихоб кардааст, ҳамқисмат ва савори як киштием. Он чӣ ки бо мардуми мо ҳамарӯза мегузарад, хеле сахттар аз он чист, ки дар бинои парлумон рух дод. Ва ин набояд азми вакилонро камтар кунад. Баръакс, онҳо бояд ба терроризм ва дигар хатарҳо қотеъона муқовимат нишон диҳанд."

Феълан таҳқиқи қазия шурӯъ шудааст ва таҳқиқот бояд аз ҷумла маълум кунад, ки маргталаб чигуна тавонистааст 5 хатти пурзӯри амниятиро убур карда, ба минтақаи сабз роҳ ёбад.
XS
SM
MD
LG