Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз Иморот


Боздиди раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Имороти Муттаҳидаи Араб идома дорад.


Рӯзи гузашта, 12 апрел, ӯ аз бандари "Ҷабал Алӣ", ки яке аз машҳуртарин минтақаҳои озоди иқтисодии шаҳри Дубай аст, дидан кард.


Раиси кулли ширкати "Dubai World" Султон Аҳмад ибн Салаем, ки дар ин минтақаи бози иқтисодӣ фаъол аст, гуфтааст, ин ширкат омода аст барои таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Тоҷикистон кӯмакҳо расонад.


Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Абу Дабӣ бо мақомоти корхонаи азмии тавлиди алюминиум мавсум ба "ДубАл" мулоқот анҷом дод. Зимнан ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки «ДубАл» ба "Ширкати Алюминиуми Тоҷик" фанноварии муосири тавлидию эколожӣ тақдим мекунад ва бо ин ҳаҷми истифодаи нерӯи барқ дар истеҳсоли алюминиум коҳиш меёбад, ки барои Тоҷикистон бисёр муҳим аст.
XS
SM
MD
LG