Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусодираи асп боиси ҷудоӣ аз ҳамсар шуд


Пулиси Булғористон аспи як нафарро барои интиқоли ҳезуми дуздӣ мусодира кардааст.

Рашид Солиеви 42 сола аз рустои Карнобат гуфт, ки баъди ин ҳодиса ҳамсараш ӯро тарк кардааст.

Пулиси Булғористон дар додгоҳ гуфтааст, ки тибқи қонун мошинҳоеро, ки дар ҷинояте истифода шудаанд, мусодира мекунанд ва аспи Рашид Алиев низ тибқи ин қонун бояд мусодира шавад.

Соҳиби асп бо ирсоли нома ба вазири кишоварзии Булғористон Ниҳот Қобил тақозо кардааст, то аспи ӯро бозгардонанд.

Вай дар номааш навиштаст, ки ҳамсараш барои аз даст додани асп бисёр хашмгин шуда ва гуфтааст, агар аспро барнагардонӣ ман бо ту намемонам.

Рашид Алиев навиштааст, ки бе ҳамсараш зиндагӣ карда наметавонад, аммо ҳамсараш ӯро бе асп намехоҳад.
XS
SM
MD
LG