Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонҳои гуштии дзюдои Тоҷикистон


Ин мусобиқот бо ширкати 190 нафар гуштигирон аз манотиқи мухталифи кишвар дар толори мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишии Душанбе тӯли ду рӯз идома кард.

Дар рақобатҳои инфиродӣ панҷ нафар гуштигирони Душанбе - Олим Зикаев дар вазни то 60 кило, Фарҳод Раҳимов дар вазни то 73 кило, Шералӣ Бозоров дар вазни то 81 кило, Муҳаммадамин Хонов дар вазни беш аз 100 кило ва Муҳаммад Абдураҳмонов дар вазни мутлақ ба дарёфти унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд. Се нафар паҳлавонони маъруф аз ноҳияи Рӯдакӣ - Рустам Боқиев дар вазни то 66 кило, Неъматулло Асронқулов дар вазни то 90 кило ва Алишер Боқиев дар вазни то 100 кило мақоми аввалро касб карда, бо медалҳои тилло сарфароз гардиданд.

Носир Бозоров, сармураббии дастаи мунтахаби гуштии дзюдои Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт: "Қаҳрамонҳои ҷадиди дзюдои кишвар дар ҳайати тими миллӣ дар мусобиқоти ҷаҳонию қитъавӣ ширкат хоҳанд кард. Аз ҷумла, дастаи мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 17 апрел барои ширкат дар мусобиқоти байналмилалӣ ба шаҳри Димишқи Сурия сафар мекунад. Ин мусобиқот барои гуштигирони мо як санҷишест пеш аз мусобиқоти қаҳрамонии Осиё, ки аз 15-ум то 18-уми май дар Кувайт баргузор мешавад ва беҳтарин дзюдочиёни қора ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2008 дар Пекин роҳхат мегиранд."

Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG