Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби кишоварзӣ шомили порлумони Тоҷикистон шуданист


Ахиран исми бархе аз довталабони курсиҳои холишудаи парлумони Тоҷикистон эълом шудааст. Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон дар ҳавзаи Ёвон номзадии муовини аввали додситони вилояти Хатлон Маҳмадамин Ҳисориевро пешбарӣ кардааст. Ҳизби кишоварзии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, дар ҳавзаи интихоботии ноҳияи Ҷомӣ узви ҳизб ва муовини раиси ҳамин ноҳия Неъматулло Холмуродовро ширкат диҳад.
Сафири собиқи Тоҷикистон дар Русия Сафар Сафаров низ азм дорад дар ҳавзаи интихоботии ноҳияи Ҷомӣ барои ишғоли курсии вакилии Маҷлиси Намояндагон вориди рақобат шавад. Интихоботи миёнадавраӣ дар ин ду ҳавза 20-уми май баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG