Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонҳои ҷавони самбои Тоҷикистон


Ин мусобиқот бо ширкати беш аз 200 нафар гуштигирони синнашон 19 - 20-сола аз манотиқи мухталифи кишвар дар шаҳри Душанбе, дар толори мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ тӯли ду рӯз идома кард. Сардовари ин мусобиқот Маҳмуди Абдулло, дабири кулли Федеросиюни гуштии самбои Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт: «Ҳадафи ин мусобиқот муайян кардани дастаи мунтахаби гуштии самбои Тоҷикистон байни ҷавонон буд, ки шарафи кишварро дар мусобиқоти байналмилалӣ ҳимоя хоҳад кард.»

Дар рақобатҳои инфиродӣ ҳашт нафар паҳлавонони ҷавони душанбегӣ - Акмолиддин Каримов дар вазни то 48 кило, Парвиз Ҳакимов (то 52 кг), Хуҷаназар Гадоев (то 57 кг), Хушбахт Назаров (то 62 кг), Ҳотам Ашӯров (то 68 кг), Сулаймон Сулаймонов (то 74 кг), Умед Ҳасанбеков (то 82 кг) ва Насимҷон Маҳмадуллоев (беш аз 100 кг) ба дарёфти унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд. Паҳлавони шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон Набимуҳаммад Хоркашев дар вазни то 90 кило ва гуштигири ноҳияи Рӯдакӣ Бахтиёр Обидҷонов дар вазни то 100 кило мақоми аввалро касб карданд.

Ва хабари дигар. Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар нахустин дидори худ дар мусобиқоти байналмилалӣ барои дарёфти «Ҷоми Балтика» дар шаҳри Бишкек аз тими мизбон - мунтахаби Қирғизистон бо натиҷаи 4 бар 10 шикаст хӯрд.

Дар ин бозиҳо, инчунин ду дастаи дигар - мунтахаби Бишкек ва «Мегафон»-и Душанбе ширкат доранд.

Ин мусобиқот барои дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон як давраи омодагӣ ба мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё, ки аз 13 то 19 май дар шаҳри Осакаи Ҷопон баргузор мешавад, маҳсуб меёбад. Бозигарони тоҷику қирғиз аз рӯи натоиҷи ба даст овардаашон дар мусобиқоти пешин дар шаҳри Тошканд бидуни бозиҳои интихобӣ ба давраи ниҳоии Ҷоми Осиё-2007 роҳ ёфтаанд.

Дар марҳилаи муқаддамотии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё 16 дастаи мунтахаби қора бар асоси қуръакашӣ, ки рӯзи 9-уми апрел дар шаҳри Осака барпо мегардад, ба чаҳор гурӯҳ тақсим мешаванд.

Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG